goodwell
Ловии «Ҳазрати Юсуф» аз олам даргузашт  
15.11.2026
Оила
95

Ловии «Ҳазрати Юсуф» аз олам даргузашт
 
Куруши Зореӣ, ҳунарпеша ва коргардони маъруфи эронӣ, ки бо иҷрои нақши Ловӣ - яке аз бародарони ҳазрати Юсуф (а) дар силсилафилми машҳури «Юсуфи паёмбар» («Ҳазрати Юсуф») дар Тоҷикистон низ шуҳрат пайдо карда буд, дар синни 54-солагӣ даргузашт.
 
Ба иттилои хабаргузории «Меҳр», ҳунарманд рӯзи якшанбе, 8-уми ноябри соли 2026 (17-уми обони соли 1405), пас аз як давраи беморӣ дар манзили шахсиаш аз олам чашм пӯшидааст.
Муҳаммадризо Боқирӣ, мудири равобити умумии Ҳавзаи ҳунарии Эрон, дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки Зореӣ тайи як-ду соли охир аз беморӣ ранҷ мебурд ва дар натиҷаи аворизи он даргузашт.
Куруши Зореӣ 23 сентябри соли 1972 дар шаҳри Миноби устони Ҳурмузгони Эрон ба дунё омадааст. Ӯ аз 13-солагӣ ба ҳунари театр рӯ оварда, ҳанӯз дар давраи мактабхонӣ ба бозигарӣ ва коргардонии намоишномаҳо машғул шудааст.
Дар айёми таҳсил намоишномаи «Гул ва ҷаҳла»-ро ба саҳна гузошта, дар як озмуни ҳунарӣ сазовори мақоми дуюм гардидааст. Баъдан дар риштаи ҳунарҳои намоишӣ таҳсил карда, фаъолияти касбии худро дар театру синамо идома додааст.
Зореӣ соли 2002 бо нақшофаринӣ дар силсилафилми «Ғуруби бепоён» ба телевизион роҳ ёфт. Аммо шуҳрати бештарро барояш нақши Ловӣ дар силсилафилми таърихии «Юсуфи паёмбар» овард.
Ин филм бо коргардонии Фараҷуллоҳ Салҳшӯр таҳия шуда, саргузашти ҳазрати Юсуф (а)-ро бар асоси ривоятҳои динӣ бозгӯ мекунад. Нақши Ловӣ дар ин филм аз нақшҳои шинохтаи Зореӣ ба шумор меравад.
Силсилафилми «Ҳазрати Юсуф» дар Тоҷикистон низ борҳо намоиш дода шуда, миёни тамошобинони тоҷик маҳбубияти зиёд пайдо кардааст. Аз ин рӯ, Куруши Зореӣ барои бисёре аз мухлисони тоҷик бештар бо симои Ловӣ ошност.
Ҳунарманд дар баробари ин силсилафилм дар чандин асари дигари синамоиву телевизионӣ, аз ҷумла «Мухторнома», «Кимиё», «Аном», «Рӯзи растохез» ва «Императори ҷаҳаннам» низ нақш офаридааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД