formula
ЛОИҲАИ USAID ОИД БА БАРҲАМ ДОДАНИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ БА ЖУРНАЛИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД
1516

Сил яке аз навъҳои бемории сирояткунанда буда, он аз шахси бемор ба одами солим бо роҳи нафас мегузарад. Нишонаҳои беморӣ сулфаи давомнокии беш аз 2 ҳафта ва аксар вақт хориҷ кардани балғам, бемадорӣ ва мондашавӣ, камшавии иштиҳо ва вазни бадан, баландшавии ҳарорати бадан, арақкунии шабона, дарди қафаси сина ва монанди ин мебошад.

То имрӯз дар ҷумҳурӣ баҳри пешгирӣ ва табобати бемории сил корҳои гуногун анҷом ёфта, "Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020" қабул гардидааст. Дар баробари ин, дар аксари шаҳру ноҳияҳои мамлакат марказҳои махсуси табобати бемории сил фаъолият доранд, ки барои беҳтар шудани сиҳатии гирифторони сил нақши муассир мегузоранд.

Ҳамин тавр, рӯзи 30 сентябр дар шаҳри Душанбе пресс – кафе барои кормандони васоити ахбори омма бо мақсади муаррифии Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ ва беҳтар кардани инъикоси мушкилоти силу монеаҳои иҷтимоӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагии шарикони лоиҳа дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон бо иртиботи мустақим ширкат намуданд.

Ҷамила Исмоилова, мушовири минтақавии лоиҳа «Ҳадафҳо ва вазифаҳои лоиҳаи нави USAID» -ро барои журналистон муаррифӣ намуд. Ӯ зимни суханронии худ зикр кард, ки “айни замон тамоми кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ барои табобати вируси КОВИД – 19 қувва ва маблағ сарф карда истодаанд. Мутаассифона, дар ин вазъият гирифторони бемории сил аз мадди назар як андоза дур монданд. Албатта, коронавирус дардест, ки бо он бояд мубориза бурд, вале бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба сил низ дуруст нест. Зеро нафаре, ки ба вируси нави КОВИД – 19 гирифтор шудааст, давоми 7 – 15 рӯз сиҳат мешавад, вале барои табобати як нафар гирифтори сил чӣ қадар қувва бояд сарф карду чанд сол азоб кашид. Барои ҳамин новобаста ба вазъият таваҷҷуҳи бештарро бояд маҳз ба ин қишри беморон сарф кард. Мо дар ин саргаҳ бетараф буда наметавонем ва ин аввалин чорабинии мо дар давраи пандемия мебошад, ки ба хотирии муаррифии Лоиҳа ташкил намудем”, - гуфт Ҷамила Исмоилова.

Ҷамила Исмоилова, мушовири минтақавии лоиҳа

Баъдан мутахассиси лоиҳа Ҳурия Ҳисомова ба журналистон дар бораи ошкорсозӣ ва табобати бемории сил иттилои навро муаррифӣ кард. Мавсуф аз ҷумла роҳҳои нави табобати бемории сил, ихтирои дастгоҳҳои муосир, намудҳои бемории сил, нишонаҳои он ва дигар ҷузъиётҳои муҳими ин бемориро барои журналистон шарҳ дод.

 

Ҳурия Ҳисомова - мутахассиси Лоиҳа 

Сипас, профессор Ҷовид Муқим бо журналистон дар бораи мушкилоти журналистон, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва масъулияти журналист ҳангоми инъикоси масоили гирифторони бемории сил суҳбат кард.

Ҷовид Муқим - профессори ДМТ

Дар фарҷоми нишаст иштирокчиён ба ҳама суолҳои худ посух гирифтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД