Лоиқ Раҷабов аз рӯйхати “UFC” хориҷ карда шуд
24.12.2025
Оила
77

Лоиқ Раҷабов аз рӯйхати
“UFC” хориҷ карда шуд
“UFC” номи размкори тоҷик Лоиқ Раҷабовро аз феҳристи худ хориҷ намудааст. Дар ин бора “UFC Roster Tracker” хабар медиҳад.
Сабаби бекор шудани шартномаи ҳамкорӣ миёни размикори 35 солаи тоҷик Лоиқ Раҷабов ва ташкилоти маъруфи “UFC” маълум нест.
Хотиррасон мекунем, ки Лоиқ Раҷабов соли 2023 бо“UFC” шартнома баста, 4 муҳориба баргузор намуд ва дар дутояш ғалаба ба даст оварда, дар ду муҳорабаи дигар мағлуб шуд. Дар маҷмӯъ размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта 25 рақобат баргузор кардааст, ки 18 набардаш бо пирӯзӣ ва 6 набарди дигар бо бохт анҷом ёфтанд. Як набарди мусовӣ дорад.
Бо берун гаштани номи Лоиқ Раҷабов аз рӯйхати “UFC”, дар он танҳо се размикори тоҷик- Нурулло Алиев, Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров боқӣ монданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД