Маҳсулоти лозима:
800 грамм гӯшти гӯсфанд, 200 грамм пиёз, 1 бандча гашниз, намаку мурч, равғани растанӣ.
Тарзи таҳия:
Аз гӯшт қимма тайёр карда, пиёзу кашничро маҳин реза кунед. Ба гӯшти қимаву пиёзи реза, намаку мурч, кашничро илова карда, қимаро нағзакак омезиш диҳед. Сипас аз қимма лӯлача сохта, дар равған нағзакак пазед.