Маҳсулоти лозима:
2 кг гӯшти мурғ, 1 пиёз, 2 дандона сирпиёз, 1 бандча кабудӣ, намак, хуштамъкунандаҳо.
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғро аз устухонаш ҷудо кунеду пӯсташро канед ва бо пиёзу сирпиёз аз гӯштқимакунак гузаронед. Кабудиро ҳам шуста хушконеду аз гӯштқимакунак гузаронида, намаку мурч пошеду нағзакак омезиш диҳед. Аз қимаи омодашуда ҳасибчаҳои 20 сантиметра созеду дар лаълии тафдон чида, муддати 15 дақиқа пазед. Як маротиба лӯлаҳои пухтаистодаро дар тафдон тоб диҳед.