Солҳои охир аксари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Литва ба муҳорҷирати меҳнатӣ рафта, тасвассути ин давлат ба дигар кишварҳои Аврупо роҳ меёфтанд, вале ҳукумати Литва тасмим гирифтааст, ки вуруди муҳоҷирони меҳнатиро аз кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ба сарзаминаш манъ намояд.
Қабули аризаҳо барои кор ва вуруди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Литва аллакай расман қатъ гаштааст. Тавре раиси Идораи муҳоҷирати Литва-Индре Гаспере изҳор доштааст, шумораи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ якбора зиёд шуда, марказҳои раводид имкони қабули ин қадар аризаро надоранд.
Ёдрас мешавем, ки хадамоти муҳоҷирати ин кишвар соли гузашта изҳори нигаронӣ намуда буд, ки аксари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик қоидаҳои қонунии будубош дар Литва ва талаботҳои шартномаи меҳнатиро вайрон мекунанд. Дар пайи ин, Вазорати корҳои дохилии Литва қарор кард, ки маркази додани раводидро дар шаҳри Душанбе пурра бандад.