Манижа Сангин–овозхони тоҷиктабори Русия, ки баҳори соли 2021 дар озмуни баландпояи “Евровидение” Русияро намояндагӣ карда, бо таронаи “Русская женщина” –аш дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ шӯру валвалаи зиёде афканда буд, номаш боз вирди забони хурду калон гашт. Сабаби ин ҳама сару садо дар атрофи номи Манижаи Сангин либоси овозхон мебошад, ки бисёриҳо ба он эрод мегиранд. Як акси Манижаи Сангин бо куртаи атласи пешкушода, ки аз чоки он пешобағали овозхон намоён аст, чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр зада, сару садоҳои зиёдеро ба миён овардааст. Ин акс дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Ню-Йорк ба намоиш гузошта шудааст, вале бархе аз истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ ба тарзи либоспӯшии овозхон эрод гирифта, Манижаро зери тозиёнаи танқид гирифтаанд. Манижаи Сангин расман ба ин эродҳо ҷавоб гуфта, таъкид кардааст, ки ин “Зиндагии ӯст” ва ҷавоби аз ҳама беҳтар дар чунин мавридҳо аслан ҳеҷ кор накардан, яъне хомӯшист.
Дар ҳамин ҳол Манижаи Сангин чанд шарҳро дар инстаграмаш овардааст, ки дар онҳо ин овозхон хеле сахт танқид карда шудааст. “Шармандагист, на ҷои ифтихор! Бигзор бигӯянд, ки ӯ тоҷик нест! ”, “Аз чунин занон шармам меояд” навиштаанд муаллифони шарҳҳо. Ёдовар мешавем, ки тоҷикдухтари муқими Русия Манижаи Сангин чеҳраи барномаи байналмилалии дастгирии занон дар соҳаи мусиқӣ интихоб шудааст. Қобили зикр аст, ки қабл аз Манижаи Сангин ягон ҳунарманд аз Русия чеҳраи ин барнома нагардида буд. Манижа ягона намояндаи Русия мебошад, ки сазовори он гардидааст ва аксҳои Манижаи Сангин имрӯзҳо лавҳаҳои таблиғотии “Times Square”-и шаҳри Ню-Йоркро оро медиҳанд.
Манбаъ: Temur- Media