Formula novemver 2024
Либоси хунолуд хоб бинӣ ба садама меафтӣ ё сарватманд мешавӣ?
150

 

Салом! Ман шаби гузашта як хоби бисёр даҳшатнок дидам. Дар хобам либосҳоям пур аз хуну халаф буданд ва дар як кӯчаи беодам тани танҳо монда, гиряву зорӣ мекардаму ёрӣ мепурсидам, вале ягон кас ба имдодам намерасид. Сахт тарсида бо тамоми овоз дод задам ва аз садои худам бедор шудам. Вақте ки чашмонамро кушодам, аз тарсу ҳарос дар обу арақ ғӯтта зада будам ва дилам чунон сахт метапид, ки ногуфтанӣ. Саҳар хобамро ба як ҳамсоя нақл кардам, гуфт, ки эҳтиёт бошам, чунки хун дар хоб хосияти нек надорад ва шояд бо ман садама ё ягон ҳодисаи нохуши дигар рӯй диҳад. Илтимос таъбири хоби маро бигӯед.

Мастона. Ш. Душанбе

Посух

Ба таҳлука наафтед, зеро хоби дидаи шумо ягон хосияти бад надорад ва фоҷиае низ ба думбол намеорад, баръакс чунин хобҳо фоли нек ва хурсандиовар мебошанд. Дар хобномаҳо омадааст, ки агар кас хун хоб бинад, ин нишонаи равшанӣ дар ҳаёташ буда, соҳиби боигарии зиёд мегардад ва дар байни мардум обрӯю нуфузаш меафзояд.

Аммо доғи хун дар хоб чандон хосияти хуб надорад. Хоб бубинед, ки куртаатон пур аз доғи хун аст ва надонед, ки дар куҷо хунолуд шудааст ба туҳмат гирифтор мешавед ва исбот намудани бегуноҳиатон хеле душвор мегардад. Рафтани хуни бинӣ дар хоб низ рамзи давлати бо роҳи ғайри шаръӣ ба даст омада мебошад.

Хулоса, мард хун хоб бинад, давлату сарваташ зиёд мешавад, вале пуле, ки ба даст меорад, на бо меҳнати ҳалол, балки аз роҳи ҳаром ба даст меояд, вале зан хун хоб бинад, дар ҳаёташ ҳодисаи хунсадиовар рӯй медиҳад.

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД