Sebiston new 2024 october
ЛЕНИН ДАР ИСТАРАВШАН
1932


Истаравшан осорхонаи зиндаи таърих ва шаҳри мӯъҷизаофаре дар диëри Тоҷикистон аст. Яке аз ин мӯъҷизаҳо нимпайкараи В.И. Ленин мебошад, ки миëнаи солҳои 1960-1970-и қарни гузашта аз ҷониби ҳайкалтароши Литва, ки он замон дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекард, сохта шудааст.

Дарозии дасти нимпайкара тақрибан се метр ва ангушонаш як метри буда, то расидан ба он мебояд 410-420 зинаро тай намуд.

Аксарияти сокинони шаҳр дар бораи чи тавр қомат афрохтани ин нимпайкара маълумот надоранд. Истаравшаниҳо танҳо ҳамин як нуктаро дар ёд доранд, ки нимпайкараи Ленин вақти ба истифода дода шудани обанбори "Зарринрӯд" (Каттасой) сохта шуда буд. Андешае роиҷ аст, ки нимпайкара бахшида ба ҷашни 100-солагии доҳии пролетариат гузошта шудааст.

Зинае, ки ба нимпайкара мерасонад, дарозтарин зина ба ҳисоб меравад. Нафароне, ки борҳо ба дидани ин ёдгории таърихӣ борҳо рафтаанд, миқдори зинаҳро гуногун арзëбӣ мекунанд, яке онро 410, дигарӣ 420, саввумӣ 390 мегӯяд. Мо низ вақти ба тамошои ин макон рафтан аз рӯйи кунҷкобӣ зинаҳоро ҳисоб кардем. Аз рӯйи ҳисоби мо то расидан ба назди Ленин 365 зинаро тай карадан лозим мешавад. Эҳтимол ин адад рамзӣ буда, 365 рӯзи солро ифода мекарда бошад.

Рӯзноманигор Сайфулло Маҳкамов мегӯяд: " Аз замоне ки нимпайкара қомат афрохт, то солҳои 2010 аксари навхонадорон (арӯсону домодҳо) барои сайру тамошо ба ин мавзуъ меомаданд. Суруду мусиқии шӯх танинандоз гашта, ҷавонон дар назди Ленин рақсу бозӣ мекарданд. Ин ҷо як макони хосе буд, ки ҳамеша дар он шодиву сурур дида мешуд."
Акнун ин мавзеъ қадамҷои саëҳони дохиливу хориҷӣ гаштааст. Гирду атрофи нимпайкара бо дарахтони ҳамешабаҳор оро дода шуда, талу теппаҳои сабзпӯш ва обанбори Зарринрӯд зебоии онро дучанд мегардонад. Боду ҳавои ин мавзеъ бениҳоят форам буда, дорои чашмаҳои шифобахш мебошад, аз ҳамин хотир осоишгоҳи "Ависсена" -ро маҳз дар ҳамин минтақа бунёд намудаанд.

Дар бораи нимпайкараи Ленин дар Истаравшан чанд сол қабл Михаил Ширвинтот дар барномаи "Хочу знатъ"-и Шабакаи аввали телевизиони Русия қисса карда, онро яке аз нимпайкараҳои бузурги ҷаҳон номида буд.

Табиати зебову дилфиреби ин имкон ва мавҷуд будани ёдгории таърихие чун нимпайкараи Ленин дар ин мавзеъ имкон фароҳам меорад, ки ҷалби сайëҳони хориҷӣ зиëд гардад, зеро афроде, ки орзуи дидани чунин мӯъҷизаҳоро доранд, хеле зиëданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД