Маҳсулоти лозима:
– 500 г лӯбиё
– 4 помидор
– 4 пиёз
– 4 қошуқ равған
– мурч ва намак
Тарзи таҳия
Лӯбиёи дар об таркардаро ним соат пухта намаку мурч пошед ва равғани растанию пиёзи резакардаро илова намоед. Помидорро ба оби ҷӯшон зада пӯсташро канеду донакашро гирифта, тунук реза карда ба лӯбиё илова намоед.