Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он лаҳзаи аз ҷониби як нафар мусофир мавриди латукӯб қарор гирифтани ронандаи автобуси хатсайри №3 инъикос ёфтааст.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ шаҳрванд Самиев Саидшоҳ, соли таваллудаш 1994 дастгир карда шудааст. Номбурда санаи 29-уми октябр ҳангоми расидан дар назди Маркази савдои «Кӯшониён» ронандаи автобуси мазкур Зоиров Б.-ро шадидан латукӯб намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Самиев С. тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишот қарор дорад.