Фазолат ном дорам. 35 солаам. Маро зӯран ба як хеши дури бобоям ба шавњар доданд. Хонаи онњо дар Тавилдараю хонаи мо дар Душанбе аст.
Аз зиндагиам шикоят надорам, вале як чиз маро ба гирдоби ғам гирифтор месозад-дер-дер ба айёдати падару модар омаданам. Соле як маротиба бо сад зориву тавалло маро ба хонаи падарам намеоранд. Падару модарамро ёд кардам гӯям, шавҳарам маро мурданивор мезанад. «Роҳкиро нест, пули зиёдатӣ надорем, ки туро ба Душанбе равон кунем» гӯён, хусуру хушдоманам маро ҷигархун месозанд. Дилам аз дурии волидону пайвандонам косаи зардоб гашта, намедонам чӣ кор кунам. Падару модарам танҳо ду маротиба маро хабаргирӣ омаданду халос. Ёди хоњарону бародаронам маро ҷигархун месозад.
Сарамро ба куҷо занаму дардамро ба кӣ гӯям? Дар чорроҳаи қисмат сарсону саргардонам. Дилам мехоњад тарки хонаи шавҳар намоям, вале бахт ширинӣ мекунад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед. Аз шавҳарам ҷудо шавам ё мушкилоти роҳи дурро бо ягон роҳи дигар ҳам ҳал карда мешавад?