Formula novemver 2024
КӮЗАПУШТРО ГӮР РОСТ МЕКУНАД(ҚИСМИ 3)
4534

 (Давомаш)

-Медонистам, ки падарам чунин духтарони зеборо ба хизматгорӣ мегирад, ҳеҷ гоҳ ба Англия намерафтам!

-Ман хизматгор не, ман хонуми ин хона, зани падаратон ҳастам,-аз ҳазлаш ба ғазаб омада, рӯямро тофтам.

-Шӯхӣ накун хушрӯча, пойи падари ман ба лаби гӯр расидааст, зани ёшро чӣ кор мекунад?
Дидам, ки ҷавон ба гапам бовар намекунад, хати ЗАГС-ро бароварда ба ӯ нишон додам.

Бо дидани ҳуҷҷат ранги рӯйяш пахтасон канд ва дигар чизе нагуфта ба хонаи хоби худаш даромад.
Пас аз ин Тоҳир якбора камгап шуда монд. Бо падараш умуман рӯ ба рӯ шудан намехост, мабодо бинад, сарашро хам карда, дарҳол ягон баҳона пеш меоварду зуд ба хонаи худ мегузашт, гӯё гунаҳкор бошад.

Васвасаи шайтон
Шавҳарам ба Маскав сафар карду ману Тоҳир дар хона танҳо мондем. Субҳ субҳона тайёр карда сари миз нишастам, вале аз Тоҳир дарак нашуд. Тарсидам, ки мабодо бо ӯ ягон гап нашуда бошад. Ба утоқи хобаш рафтам. Тоҳир таги як шалвор дар хоби ноз буд. Ман, ки то он вақт ба ғайр аз тани пашмину пиру пурожанги шавҳарам дигар бадани ягон мардро надида будам, бо дидани ин ҷавони зебо дилам таҳ кашида худро нафрин кардам, ки чаро барои пул шуда, оғӯши марди фартутеро интихоб намудам ва худро аз ҳамоғӯшӣ бо ҷавони зебои ҳамсинну соли худам маҳрум намудам. Намедонам кадом қуввае маро тела доду оҳиста ба лаби бистари ҷавон нишаста даст ба мӯйҳои ҷингилааш бурдам. Тоҳир як қад парида аз хоб бедор шуд ва маро дар канори бистараш дида аввал карахт шуд, баъд бо овози ларзон пурсид:
-Шумо, дар утоқи ман чӣ кор мекунед?
-Мааан, падаратон шаб ба Маскав рафтанд. Одатан шумо субҳ барвақт мехестед, аммо имрӯз… Ман гумон кардам, ки… Давоми суханам дар даҳонам монд, Тоҳир лабонашро бар лабонам часпонд ва тани гармаш ба танам расида сабру қарори маро рабуд. Мо мисли гули ошиқи печон ба ҳам печидем. Шавҳари пирамро бо Тоҳири ҷавону пурқувват муқоиса карда, ман афсӯс мехӯрдам, ки чаро то ин вақт умрамро беҳуда дар оғӯши мӯйсафед гузаронда, аз лаззати ҳақиқии ҳаёт бенасиб мондаам. Нағмаҳои ошиқонаи Тоҳир маро чунон обу адо намуданд, ки натанҳо писари шавҳарам будани ин ҷавон, балки оламу одамро аз ёд бурдам.

Намедонам чанд соат мо дар оғӯши ҳамдигар будем, вале вақте ки аз ишқварзӣ сер шудем, эҳсос кардам, ки аз шиддати гуруснагӣ рӯдаҳоям ҳамдигарро мехӯранд. Хилъатамро ба китфам партофта ба ҳаммом даромадам ва сару танамро шустам ва барои тайёр кардани хӯрок ба ошхона равон шудам. Офтоб аллакай ба ғуруб майл дошт. Осемасар чой дам карда гӯшти қайла ва ширинию меваҳоро ба рӯйи миз гузоштам ва Тоҳирро ба хӯрокхӯрӣ даъват намудам. Дар сари дастурхон ҷуръати ба рӯйи ҳамдигар нигаристанро надоштем. Ҳарду ҳам хуб мефаҳмидем, ки гуноҳи азим ва нобахшидание содир кардем ва аз кори кардаамон дар хиҷолат будем, аммо...

Дили одаткарда балои ҷон
Ману Тоҳир аз шарм ба рӯйи ҳамдигар нигариста наметавонистем, вале пушаймон бошем ҳам, гардани шайтонро ҳеҷ шикаста наметавонистем. Ҳамин ки шаб фаро расид, мани васвосӣ боз дари утоқи ӯро мекуфтам ва Тоҳир хомӯшона маро ба оғӯш кашида то саҳар дар оғӯши гарму сӯзонаш печутоб медод. Оғӯши ин ҷавони дар ишқварзӣ усто он қадар гуворо буд, ки намехостам шаб саҳар шавад...

Бозгашт аз сафар
Шавҳарам аз сафар баргашту хушбахтии мо ба поён расид. Ман моҳиеро мемондам, ки баъди оби шӯри баҳр лаззати оби ширини дарёро чашидаасту дигар майли ба он оби бадбӯй баргаштан надорад. Акнун аз дидани тани пажмурдаи шавҳарам ғашам меомад. Бо ҳар баҳона аз ҳамбистарӣ бо ӯ саркашӣ карда ваъдаи фардову пасфардо медодам. Шавҳари гули дунёбехабарам “занакҷон, тобат набошад ман туро азоб намедиҳам, бароҳат хоб кардам дам бигир” гӯён дар хони дигар мехобиду мани ташнаи васли Тоҳир шаб то саҳар мижжа таҳ накарда дар рӯйи бистар бо ёди оғӯши гарму пурсӯзи ошиқи ҷавонам печутоб мехӯрдам.Қотили шавҳар
Рӯзе шавҳарам ба кор рафту мани беқарор боз хонаи хоби Тоҳир даромадам. Кош намерафтам. Дар роҳ Мавлон калидашро фаромӯш карда ба хона бармегардад. Мо чунон машғули ишқварзӣ будем, ки ҳатто занги дарро нафаҳмидаем. Вай бо калиди худаш дарро кушода медарояд ва калиди утоқи кориашро гирифта азми рафтан мекунад, вале аснои аз назди дари Тоҳир гузаштан садои шаҳватангези моро шунида ба таҳлука меафтад. Садои даҳшатбори “хонаамро ҳаром кардед касофатҳо” ва гурсосзанон ба замин афтидани чизе мо, ду шариатзадаро аз олами айши пургуноҳ ба худ овард. Вақте рӯ ҷониби садо гардондем, аллакай Мавлон як дасташ дар далиш дар погаҳи дар афтида буд. Тоҳир «дадаҷон” гӯён, давида ӯро аз замин бардошт, вале шавҳарам ману писарашро ҳамоғӯш дида, аллакай дилкаф шуда мурда буд. Ману Тоҳир талхакаф шуда чӣ кор карданамонро намедонистем. Ман зор-зор гиря мекардам, Тоҳир бошад, сарашро дошта аз шиддати асабоният мӯйҳояшро қабза-қабза канда мегирифт.

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД