new banner new years
КӮЗАПУШТРО ГӮР РОСТ МЕКУНАД(ҚИСМИ 2)
11.05.2021
Оила
4170

 

идомааш...

Фикр накарда розӣ шудам. Андеша накардам, ки охир ин мардак пир аст, имрўзу пагоҳ мемурад, баъд аҳволи ман чӣ мешавад. Дар сари ман он вақт танҳо як андеша буд, бигзор вай маро зани дуюм бигирад, вале хона харида диҳад, то сарпаноҳе дошта бошам. Хона дошта бошам, хор намешавам, шавҳарам ду рӯз баъди хонахарӣ мурад ҳам, дигар ғам надорам, кайфу сафо карда мегардам…

Зани раис
Ҳамин тавр раис маро зан карда гирифт, аммо на зани дуюм, балки зани асосию қонунӣ. Занаш мурда будааст. Дар аввал ҳамааш хуб буд, шавҳарам пир бошад ҳам, меҳрубонию пулдориаш ин айбашро мепӯшонд. Қариб ҳар рӯз вай барои ман ягон ҷавоҳирот мехарид ё туҳфаи зебое меовард. Худамро дар ҳақиқат малика эҳсос намуда, гул барин рӯз то рӯз бештар мешукуфтам. Хушбахти олам будам, то он рӯзе, ки писари шавҳарам, ки ҳамон шабу рӯзи никоҳ кардани мо ба сафар рафта буд, аз сафар баргашт. Эй кош вай ҳеҷ гоҳ аз сафар бар намегашту ман фоҳиша намешудам,-бибиотун инро гуфта оҳи сарде кашид. Чашмонаш ҳавзи об гаштанд. Эҳсос намудам, ки ба ёд овардани он рӯзҳои наҳс барояш бисёр душвор аст. Ростӣ, аз он ки аз думболи ин зан ба хонааш омада ба захмҳои дилаш намак пошидам, хиҷолат кашида, ният кардам, ки аз баҳри навиштан гузашта, бахшиш пурсида баромада меравам, вале соҳибхона бо ишорати даст маро нигоҳ дошта, баъди нӯшидани як қулт об нақлашро давом дод.

Тоҳир
Тоҳир дар ҳақиқат ҷавони зебо буд. Либосҳои қимматбаҳои танаш ӯро дар назар боз ҳам ҷозибтар ҷилва медданд. Вай маро хизматгор пиндошта шухӣ кард:

-Медонистам, ки падарам чунин духтарони зеборо ба хизматгорӣ мегирад, ҳеҷ гоҳ ба Англия намерафтам!

-Ман хизматгор не, ман хонуми ин хона, зани падаратон ҳастам,-аз ҳазлаш ба ғазаб омада, рӯямро тофтам.

-Шўхӣ накун хушрӯча, пойи падари ман ба лаби гӯр расидааст, зани ёшро чӣ кор мекунад?

Дидам, ки ҷавон ба гапам бовар намекунад, хати ЗАГС-ро бароварда ба ӯ нишон додам.

Бо дидани ҳуҷҷат ранги рӯйяш пахтасон канд ва дигар чизе нагуфта ба хонаи хоби худаш даромад.
Пас аз ин Тоҳир якбора камгап шуда монд. Бо падараш умуман рў ба рў шудан намехост, мабодо бинад, сарашро хам карда, дарҳол ягон баҳона пеш меоварду зуд ба хонаи худ мегузашт, гӯё гунаҳкор бошад.

Васвасаи шайтон
Шавҳарам ба Маскав сафар карду ману Тоҳир дар хона танҳо мондем. Субҳ субҳона тайёр карда сари миз нишастам, вале аз Тоҳир дарак нашуд.

Тарсидам, ки мабодо бо ў ягон гап нашуда бошад. Ба утоқи хобаш рафтам. Тоҳир таги як шалвор дар хоби ноз буд. Ман, ки то он вақт ба ғайр аз тани пашмину пиру пурожанги шавҳарам дигар бадани ягон мардро надида будам, бо дидани ин ҷавони зебо дилам таҳ кашида худро нафрин кардам, ки чаро барои пул шуда, оғуши марди фартутеро интихоб намудам ва худро аз ҳамоғўшӣ бо ҷавони зебои ҳамсинну соли худам маҳрум намудам.

Намедонам кадом қуввае маро тела доду оҳиста ба лаби бистари ҷавон нишаста даст ба мӯйҳои ҷингилаш бурдам. Тоҳир як қад парида аз хоб бедор шуд ва маро дар канори бистараш дида аввал карахт шуд, баъд бо овози ларзон пурсид:

-Шумо, дар утоки ман чӣ кор мекунед?
-Мааан, падаратон шаб ба Маскав рафтанд. Одатан шумо субҳ барвақт мехестед, аммо имрўз… Ман гумон кардам, ки…
Давоми суханам дар даҳонам монд, Тоҳир….

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД