Дар шаҳри Конибодом боз як ҳодисаи нохуши куштор рӯй додааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо нашри як гузориш хабар дод.
Кормандони милитсияи шаҳри Конибодом боз як ҷинояти мудҳиши одамкуширо ошкор намуданд. Ҳодиса дар кӯчаи Бобокалонов рӯй дода, Фаридун Абророви 41-сола падараш Қосим Абророви 76-соларо ба қатл расонидааст.
Дар навор гумонбар дар даст завлона ба ҷинояти кардааш иқрор шуда, мегӯяд, ки “маст будам ва намедонам як ё ду корд задам. Падарам гуфт хуни дастонатро шуста биё. Ман то омадани мошини Ёрии таъҷилӣ бо падарам гап зада нишастам, то хобаш набарад”.
Гуфта мешавад, ки Фаридун Аброров дар пайи муноқишаи оилавӣ падарашро бо зарби корд ба ҳалокат расонидааст.
Айни ҳол нисбати Фаридун Аброров тибқи моддаи 104-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Дар бадали се моҳи охир дар Конибодом 5 ҳодисаи нохуши куштори оилавӣ рӯй дода, 15 нафар кушта шудаанд. Кушторҳои пайдарпайи оилавӣ дар ин шаҳр ва ошкор нашудани ин ҷиноятҳои махсусан вазнин мардумро дар ҳоли тарсу ҳарос нигоҳ медорад. Мақомот то ҳол асрори ин кушторҳои мармузро шарҳ надодаанд.