Аз меъёр зиёд нӯшидани машруботи спиртӣ дар бештари маврид ба ҳодисаҳои нохуш анҷомида, мутаассифона дар баъзе ҳолатҳо бо ҷинояти одамкушӣ меанҷомад.
Чунин як фоҷеаи даҳшатбор санаи 10-уми июни соли ҷорӣ шабона тахминан соатҳои 21:00 дар ноҳияи Фархор ба вуқуъ пайваст.
Муайян карда шуд, ки дастгиршуда Назаров Сайвалӣ Хушбарович, соли таваллудаш 1964, истиқоматкунандаи кӯчаи Б. Ғафурови ноҳияи Фархор, ки пайваста ба нӯшидани машрубот машғул шуда, муҳити носолими оилавиро ба миён оварда буд, шаби ҳодиса низ дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиаш омада, духтараш Назарова Шаҳнозаро (соли таваллудаш 1999), ки ба касалии рӯҳӣ гирифтор буд ва маъюби гурӯҳи 1 маҳсуб меёфт, бо дастчӯб мавриди латукӯб қарор додааст, ки дар натиҷа духтараш аз зарбаҳои бераҳмона ва гирифтани ҷароҳатҳо дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Назаров Сайвалӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.