Formula novemver 2024
Куштор дар Зафаробод
4981

Дар байни мардуми тоҷик ривояте ҳаст, ки шароб қаблан ҳалол ҳисоб мешуд, вале Шайони лаъин рӯзе ба пойи дарахти ангур, ки шаробро асосан аз оби меваи ҳамин дарахт тайёр мекарданд, аввал як коса хуни шер ва баъдан як коса хуни рӯбоҳ рехт.

Аз ҳамон вақт инҷониб шаробро ҳаром ҳукм карданд, зеро ҳар кӣ онро бинӯшад, худро шеъри шаён ҳис карда, ба мардум ҳамла мекард, вале чун оташи мастӣ паст шуда каме ба худ омад, натиҷаи амалҳои бадмастонаашро дида, ба ларза меафтод ва мисли рӯбоҳ ба дум ликкондан сар мекард...
Албатта ин фақат як ривояти халқӣ аст, вале ҳикматҳои зиёде дорад. Дар ҳақиқат шароб ақли инсонро тира намуда, дар ҳолати мастӣ кас ба чунон корҳое даст мезананд, ки баъди ҳушёр шудан аз кардаи худ сад бор афсӯс хоҳад хӯрд, вале пушаймонӣ дигар заррае суд нахҳад дошт. Ҳодисаи хунине, ки дар ноҳияи Зафарободи Вилояти Суғд сар задааст, далели равшани ин гуфтаҳост.
Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, хабар медиҳад. Тавре ки манбаъ мегӯяд, шаби 16-уми октябр, тахминан соатҳои 20:00 ин мард дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ бо як марди 35-солаи ҳамдеҳааш ҷангу ҷанҷол карда, дар рафти ин моҷаро рақибашро 3 корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Айни замон нисбати марди бадмаст бо қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишоти қазияи хунин аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД