Як ҷавони 24-солаи шаҳри Бохтар бо гумони куштори ваҳшиёна аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуд.
Бинобар иттилои вазорати умури дохила, рӯзи 12-августи соли ҷорӣ гумонбар дар ҳолати мастӣ бо ҷавони 26-сола даст ба гиребон шудааст. Ин ду ҷавон дар аснои ҷанг ҳамдигарро лату кӯб намуда, гумонбаршаванда кордро гирифта, ба тани ҷабрдида 10-маротиба халондааст.
Пас аз ҳодисаи ба миён омада, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ба қавлиин манбаъ ҷанҷол дар дохили маркази дилхушии “Шоми Хатлон”, ки воқеъ дар кӯчаи Кайҳоннавардон аст, рух додааст.
Кормандони милитсия муайян намудаанд, ки гумонбар нисбати ҷабрдида хусумати пешина доштааст, аз ин рӯ байни онҳо баҳсу муноқишаи шадид сар зада, боиси марги яке аз онҳо гардидааст.
Боиси қайд аст, ки ҷавони 26-солаи аз зарби корд ба ҳалокатрасида сокини деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш будааст.
Вазорати умури дохила аз рӯи ин ҳодиса тафтишот бурда истодааст.