arzon replenishment
Куштор дар хоб чӣ таъбир дорад?
1698


Салом! Шаби гузашта ман як хоби бисёр даҳшатнок дидам ва мехоҳам таъбирашро бидонам. Дар хобам бо ҳамсарам ҷангу ҷанҷол шудем ва ман сари қаҳр кордро гирифта, девонавор ба ҳар ҷойи баданаш чанд зарба задам.

Хун ба сару рӯям парид ва дод гуфта аз хоб бедор шудам. Сахт дар ташвиш ҳастам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.

Д. М, сокини шаҳри Турсунзода

Посух
Албатта ҳатто хоб дидани куштор касро ба даҳшат меорад, вале тарсидан лозим нест, чунки куштор дар хоб нишонаи сар задани ягон фоҷиаи хунин нест.
Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, кас хоб бинад, ки одам куштааст, дар маркази ягон моҷаро ё ҷангу ҷанҷол қарор мегирад. Шахси хобдида метавонад ба туҳмат гирифтор шавад ё ҷанҷоли дигаре ба сараш ояд.
Хоб бинед, ки худи шуморо касе куштааст, донед, ки душманон ва бадхоҳонатон дар сари роҳатон чоҳ кофта, бар зиддатон нақша кашида истодаанд.

Марги шавҳар, зан ё ягон одами наздики худро хоб дидан аз сар задани ҷангу ҷанҷол ё ягон нохушӣ дар оила дарак медиҳад.

Аммо куштани душман ё ҳайвони дарранда дар хоб хуб буда, нишонаи он аст, ки шахси хобдида ба зинаҳои баланди мансаб мерасад, соҳиби пулу моли зиёд мешавад ва зиндагии серу пур насибаш мегардад.
Хоб бини, ки кӯдакро куштаӣ, дар ҳаётат давраи тира ва душвор оғоз меёбад. Дар баъзе ҳолатҳо таъбири хоби ба куштор аломақанд метавонад навмедӣ ва руҳафтодагӣ бошад.

Аммо дар хобномаҳои исломӣ омадааст, ки агар кас хоб бинад, ки ӯро ба қатл расонидаанд, ин нишонаи хуб буда, корҳои шахси хобдида барор мегиранд ва ҳаёташ пурфайзу баракат мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД