sebiston july new
Куштор дар Гранзавод!
707


Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо иттиҳоми одамкушӣ хабар додааст. Боздоштшуда дар қатли яксокини ноҳияи Варзоб муттаҳам дониста мешавад...

Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 5-уми август, тахминан соатҳои 15:40 сар зада, ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми дар маҳаллаи Гранзаводи ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштанаш, бо марди 49-солаи сокини ноҳияи Варзоб аз рӯи хусумат муноқиша намуда, дар рафти ин моҷаро бо предмети халандаю бурранда 16-маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳим ва дигар узвҳои ин мард задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Сабаби даст ба куштор задани ҷавони 22-сла ба пуррагӣ шарҳ дода нашудааст. Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД