Ин зани тоҷик бо тамоми ҳастӣ ошиқи зару зевар буд вафақат аз як заргар ороишоти тиллоӣ мехарид. Бори охир ба заргари шиносаш вай беш аз 4 миллион рубл дода, таъкид кардааст, ки то моҳи декабр бояд ороишоти фармудааш тайёр шавад, вале заргар пулро гирифта бо ҳамин бедарак мешавад.
Зан бехабар аз пешомади талху фоҷиавии худ ба ҷустуҷӯйи заргар меафтад, вале...
Пас аз 5 моҳ ҷасади ин зани 59-солаи тоҷикро тасодуфан аз ҷангал пайдо карданд. Маълум шуд, ки занро заргари шиносаш барои зару зевар кушта, дар ҷангал гӯр кардааст...
Ҳодиса моҳи январи соли 2019 дар Кострома рӯй дода, заргари қотилро баъди 5 моҳи содир намудани ин ҷинояти вазнин дастгир кардаанд. Ба навиштаи Бомдод. ком тирамоҳи соли 2018 зани 59-солаи тоҷик ба заргар аз Кострома ороишоти заргарӣ фармоиш дода, беш аз 4 миллион рубл (тақрибан 55 ҳазор доллар) пешпардохт кардааст. Заргар бояд то моҳи декабр ороишоти фармудаи занро тайёр мекард, вале баъди гирифтани пул ӯ якбора бедарак шудааст. Зани тоҷик ба ташвиш афтода, моҳи январи соли 2019 худаш ба Кострома меояд ва бо заргар вохӯрда, бар гардонидани пулашро талаб мекунад.
Бино ба фарзияи тафтишот ва додгоҳ, заргар ба зан барои пардохти қарзаш беш аз 23 кило ороишоти заргарӣ ба маблағи беш аз 5 миллион рубл ва ҳамчунин 8 ҳазор доллар медиҳад ва ҳамзамон дар фикри куштани ӯ мешавад. Вақте вай мефаҳмад, ки зан бо қатораи роҳи оҳан тавассути Ярославл ба Маскав баргаштанист, пешниҳод мекунад, ки агар хоҳад бо мошини худаш ӯро то Ярославл мерасонад. Зан бехабар аз нияти заргари маккор ба мошини ӯ мешинад, вале то Ярославл намерасад. Заргар ин зани тоҷикро кушта дар ҷангал гӯр мекунад ва тамоми ҷавоҳирот ва пули моли ӯро ба яғмо мебарад. Тавре ки мегӯянд, ягон сир дар дунё абадан пиҳон намемонад, амали вазшиёнаи заргар низ пинҳон намонда, баъди ёфт шудани ҷасади зан ба чанг афтид. Суд заргарро барои куштори ин зани 59-солаи тоҷик ба 15 соли зиндон маҳкум намудааст.