Як нафар хонандаи сомонаи Оила бо номи Алишер Сафаров, ки дар шаҳри Маскави Русия кору зиндагӣ мекунад, хабар дод, ки чанд рӯз қабл як муҳоҷирзани тоҷик, тахминан 36- сола, аз тарафи шахсони номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифта, дар ҷои ҳодиса ба қатл расонида шудааст ва ҷасади ин зани тоҷик, ки шахсияташ номаълум аст, аз ҷониби қотилон дар ҷангалҳои бесаробони шаҳри Маскав партофта шудааст.
Сабаби ваҳшиёна ба қатл расонидани ин зани тоҷик 2500 рубли русӣ мебошад. Алишер Сафаров нафаре аст, ки ҷасади ин занро пайдо намуда, бо аксаш ба мо ирсол намудааст ва ҳамчун шаҳрванд талаб мекунад то қотилони ин зани бегуноҳ пайдо гарданд.
Тафтишоти маҳаллӣ ин қазияро пайгирӣ намуда, муайян намуданд, ки куштор ба хотири маблағ анҷом дода шудааст. Айни замон тафтишот оиди ин ҳодиса идома дорад.