Oila Navruz
КУШОНИЁН: ШОХИ РАИСРО ШИКАСТАНД
2348

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Кушониён Шамсиддин Гулов барои дидаву дониста ба қонуншиканӣ даст задан ҷазо гирифт.

Шамсиддин Гулов, сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон, ки ҳамчун директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия фаъолият дорад, рӯзи 20 июни соли 2020 дар манзили истиқоматиаш бар хилофи талаботҳои моддаи 10 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, тӯйи домодии писарашро бо гузаронидани “маслиҳатошӣ”, ки қонун манъ намудааст, анҷом дода, муддати ду рӯз тӯй гузаронидааст. Ҳамчунин ҳангоми овардани арӯс зиёда аз чор автомашина истифоа бурдааст.

Дар асоси ин аз тарафи Прокурори ноҳияи Кушониён нисбати Гулов Шамсиддин бо моддаи 481 қисми 1 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, он аз тарафи суд мавриди баррасӣ қарор гирифта, Гулов ҷаримабандӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар давраи паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷумҳурӣ баргузории тӯйҳои арӯсию домодӣ маҳдуд шуда, он дар доираи 100 нафар ва ҳамагӣ дар 1 маърака, инчунин бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва истифода ниқобу дастпӯшак гузаронда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД