Arzon march 2024
Курсҳои ройгони омӯзиши забони куриёӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ
461

Дар назди Марказҳои машваратӣ ва омодагии қабл аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои ройгони омӯзиши забони куриёӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Тавре ки Хӯҷаназар Акбаров, Директори Марказҳои машваратӣ ва омодагии қабл аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо хабарнигори сомонаи Оила. ТЧ гуфт:
-Таҳсил дар курсҳои омӯзиши забони куриёӣ комилан ройгон аст. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шахсоне, ки мехоҳанд дар муддати кӯтоҳ забони куриёиро аз худ намоянд, метавонанд бо шиносномаи хориҷиашон барои номнавис кардани худ ба Марказҳои машваратӣ ва омодагии қабл аз сафари муҳоҷирон, ки дар “Хадамоти муҳоҷират” воқеъ гаштааст, муроҷиат намоянд. Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 121.

Телефонҳо барои тамос: 225-05-75 ва 225-08-33
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ба низоми иҷозат барои кори Кореяи Ҷанубӣ ворид шудаааст ва аз соли 2025 муҳоҷирати меҳнатии тоҷик имкон доранд, ки ба ин кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Дар ин бора Киром Салоҳиддин, сафири Тоҷикистон дар Корея зимни суҳбат бо журналистон хабар додааст.

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ дар бахши кишоварзӣ фаъолият намуда, асосан корҳои полезиро анҷом хоҳанд дод. Яке аз шартҳои асосӣ барои муҳоҷират ба ин кишвар донистани забони куриёӣ, риоя намудан ба қонунҳои муҳоҷиратӣ ва омодагии хуби муҳоҷирон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД