Вақте Муҳаммадҷон ба хона омад, намедонист чӣ гуна бо волидонаш дар мавриди муносибати ошиқонааш бо Аниса суҳбат кунад ва онҳоро ба хостгорӣ фиристад. Муаллиму Аҳмаду занаш бошанд интизор буданд, ки писарашон худаш дар бораи хостгорӣ ва дӯстдухтараш гап кушояд. Вале Муҳаммадҷон аз шарм наметавонист дар ин бора ҳарфе гӯяд.
Холаи Мастура писарашро ба наздаш даъват намуда, аз ӯ дар мавриди оиладор карданаш пурсон шуд.
- Писарам, акнун донишҷӯ ҳам шудӣ. Бидон, ки барои мо пиру кампир танҳо зиндагӣ кардан дар як хонаи танг хеле вазнин аст. Ману падарат суҳбат кардем ва ба хулосае омадем, ки туро бояд оиладор кунем. Агар ягон дӯстдошта дошта бошӣ, шарм накарда гӯй. Мо бо падарат ба хостгориаш меравем.
Муҳаммадҷон маҳз ҳамин лаҳзаро интизор буд. Ӯ дар бораи Аниса ба модараш маълумот дод ва хеле таърифаш кард. Модараш тавсифҳои ӯро шунавида, “ман бо падарат маслиҳат карда, баъд ба хонаашон меравем”, - гуфт. Аҳмад - амак низ вақте ин хушхабарро шунавид, хеле шод шуд.
Хостгорӣ
Пиру кампир як рӯзи офтобӣ дастархон карда, барои хостгорӣ ба хонаи Анисаино рафтанд. Меҳмонҳо вақте ба хонаи келиншаванда расиданд, падари духтар - Маҳмуд ба пешвозашон баромад. Аҳмад амак баробари дидани Маҳмуд ӯро шинохт. Онҳо дар донишгоҳ ҳамкурс буданд. Маҳмуд низ Аҳмадро диду бо хушҳолӣ онҳоро ба хона даъват кард. Меҳмонону мизбонҳо хеле бо ҳам суҳбат карданд.
Дар миёни суҳбат Аҳмад бо нияти хайр ба хонаи Маҳмуд омаданашро гуфт. Маҳмуд дар аввал “духтарам онишгоҳро тамом кунад баъд” гуфт, аммо Аҳмад - амак ӯро аз сирри дили ҷавонҳо огоҳ кард. “Онҳо дилбохтаи якдигаранд ва ҳамдигарро дӯст медоранд”, - гуфт амак.
Маҳмуд “дигар ҷойи гап ҳам нест. Модоме, ки ҷавонҳо якдигарро дӯст медоранд, пас мо бояд онҳоро ба висоли ҳам расонем”, - гуфта, барои овардани хӯрок рафт.
Муаллими Аҳмаду занаш бо хушхабар ба хона баргаштанд. Онҳоро Муҳаммадҷон дар хона бесаброна мунтазир буд. Вақте онҳо ба хона расиданд, модараш ба ӯ ҳамсари ояндаашро муборакбод гуфт.
Тӯй
Ҳамин тавр, Аҳмад - амак тамоми ҷиҳози туйро харида, ба хонаи Маҳмуд бурда монд. Қарори баргузории туй ба фасли тобистон, яъне баъд аз ҷамъбасти имтиҳонҳо қабул шуд.
Тобистон ҳам фаро расид. Имтиҳонҳо қариб ҷамъбаст шуданд. Акнун оилаи Муҳаммадҷон ба рӯзи туй тайёрӣ медиданд. Аҳмад - амак хост, ки тӯйро пеш аз имтиҳони охирони соҳибҷашнҳо барпо кунад, зеро ҳамсабақони келину домод низ иштирок кунанд. Ҳамин тавр, муаллими Аҳмад бо Маҳмуд ин масъала ҳал кард ва ниҳоят вақти тӯйро таъин намуданд.
Ҷашн ҳам фаро расид. Дар хонаи Аҳмад - амак меҳмонони зиёд ҷамъ омаданд. Ҳамсабақони Муҳаммадҷон низ дар он рӯз ҷамъ шуда, озими хонаи домод шуданд, вале аз Ҷамшед дараке набуд. Ҳама аз наомадани ӯ ҳайрон шуданд, чунки зиёд мехост дар ин тӯй иштирок кунад. Ҳамсабақон дигар ӯро интизор нашуданд. Дар бораи Ҷамшед касе чиз намегуфт. Касе ҳатто хабар надошт, ки ба сари Ҷамшед фалокат омадааст.
Субҳи ҳамон рӯз ӯ аз хона баромаду барои рафтан ба ҷои даркориаш таксӣ киро кард. Ӯ саҳарии барвақт аз хона баромада, дар мошин нишасту ҳамроҳ ба роҳ даромаданд. вале мошинашон ба садама дучор шуду Ҷамшед ҷароҳат бардошт.
Захми ӯ чандон вазнин набуд, аммо аз сабаби оне, ки худаш бачаи тарсу буд, аз ҳуш рафта, ба беморхона афтид. Барои ҳамин ба маърака рафта натавонист. Ӯ ният дошт, ки домоду арусро дар тахти шоҳона шарманда карда, қасди тағояшро гирад, вале бо сабаби садама ин мақсади нопоки ӯ амалӣ нашуд.
Арӯсбиёрон
Муҳаммадҷон барои рафта овардани арӯс тайёрӣ медид. Ӯ шиму костюми домодиашро пӯшида, дар мошине, ки барои овардани арӯс омода шуда буд, нишаста, роҳ сӯи хонаводаи арӯсро пеш гирифтАҳли хондони Аниса меҳмонҳоро нағз пешвоз гирифта, домод ва ҳамроҳонашро ба хонаи дарун дароварданд.
Баъди хондани хутбаи никоҳ домоду арӯс ба тарафи хона муаллими Аҳмад равон шуданд. Дар он ҷо мардуми деҳа аллакай мунтазири омадани домоду арӯс буданд, то бинанд, ки келини Муҳаммадҷонино чӣ гуна шудааст.
Ҳамкурсони Муҳаммадҷон вақте расиданд, ки алакай домоду арӯсро аз мошин фароварда, ба хона медароварданд. Муҳаммадҷон арӯсро дар хона монду худаш ба берун баромада, ҳамсабақонашро хуш омадед гуфта, онҳоро ба хона даровад.
Пас аз чанд соат садои мутрибон баланд шуд. Дар тӯйи онҳо беҳтарин сарояндаҳо ҳунарнамоӣ мекарданду хешу ақрабо ҳама хушҳолӣ ва рақсу бозӣ мегарданд. Ҳамин тавр, он рӯз дар хонадони муаллими Аҳмад рӯзи хотирмон шуд.
Қасди чандсола
Назаралӣ акнун аз кинаву адоват ҷойи нишаст намеёфт. Ӯ мехост бо кадом роҳе набошад, садди роҳи Аҳмад - амак шавад. Ӯ ба Хуршеди писараш занг зада, гуфт: “ту дар он ҷойҳо гарду дар ин ҷо мардум ба ҳоли падарат ханданд”. Хуршед бо тааҷҷуб сабаб пурсид.
Муаллими собиқ боз бо чандин суханҳои дурӯғи дигари худ писарашро фиреб дод, ки падараш аллакай дар деҳа беқадр шудаасту дилаш вақтҳои охир азобаш медиҳад. Хуршед ин ҳамаро шунавида, фавран ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ вақте ба хона расид, тасмим гирифт, ки бояд қомати муаллими Аҳмадро шиканад.
Фасли баҳор фаро расид. Хуршед барои ба Русия рафтан омодагӣ медид. Саҳари барвақт ӯ ба фурӯдгоҳ рафта, ба рейси шабона чипта харид. Пеш аз парвоз ба пушти хонаи муаллими Аҳмад омада, чанд бор номи ӯро гирифту фарёд кард. Муҳаммадҷон дар хона танҳо буд. Ӯ ба берун баромад, то бубинад, ки дар берун кист. Баробари кушодани дар чанд корд ба баданаш хӯрд.
Дертар падараш аз куҷое омад. Ӯ Муҳаммадҷонро дар назди дари ҳавлӣ ба хоку хун оғушта диду фиғон аз сина баровардОвози ӯро шунавида, аҳли оила ва ҳамсояҳо ҷамъ шуданд. Муҳаммадҷонро ба мошини ҳамсоя савор карда, ба беморхона бурданд. Духтурҳо тамоми кӯшишро карданд, вале аз сабаби рафтани хуни зиёд аз ҷисмаш ӯро наҷот дода натавонистанд. Волидайни ҷигарсӯхта ҷисми беҷони ӯро ба хона оварданд. Акнун хонае, ки пур аз шодиву нишот буд, ба мотамхона табдил ёфт.
Фоҷиа
Муҳаммадҷонро ба хок супоридан. Аниса ҳомиладор буд. Ӯ пас аз марги шаҳараш писарча таввалуд кард. Хусуру хушдоманаш ба ифтихори зинда мондани номи писарашон ба кӯдаки навзод Муҳаммад ном гузоштанд. Акнун Назаралӣ хушҳол буд, ки ниҳоят интиқомашро гирифт. Ӯ дарк накар, ки ҳамаи кор подош дорад.
Ҳамсари Хуршед низ ҳомиладор буд. Ӯ баъд аз рафтани Хуршед духтарча таввалуд кард. Занак аз духтараш умедҳои зиёд дошт ва ба ин хотир ба ӯ Иқболбӣ ном ниҳод, вале тамоми орзуҳои ӯ дар байни як сол баробар ба хоки сиёҳ шуданд, чунки як ташхис муайян кард, ки Иқболбӣ маъюб аст.
Баъд аз якуним соли марги Муҳаммадҷони ормонӣ Назаралӣ ба садама дучор шуду як дасту ҳарду пойҳояш аз кор монданд. Иқболбии маъъб дар чорсолагӣ аз ҳарорати баланд вафот кард. Минбаъд дар хонаводаи Назаралӣ пайваста шикаст рух медод. Баъд аз як моҳи марги духтараш ҷисми беҷони Хуршедро аз Русия оварданд.
Сахтии ҷонканӣ
Аҳволи муаллими Назаралӣ акнун вазнин мешуд. Ӯ ҷонсарак шуда буд, мурда наметавонист. Қариб 10 рӯз аз гап задан монд. Касеро ҳам намешинохт. Як саҳар ба як коғазча мактубе нависта, ба дасти ҳамсоя дод. Мактуб ба номи муаллими Аҳмад буд. Ҳамсоябача мактубро ба муаллим расонд. Бале, Назаралӣ муаллимро ба хонааш даъват мекард.
Субҳи рӯзи дигар Аҳмад амак ба хонаи Назаралии ҳамсояаш рафт. Аҳволи ҳамсоя сахт вазнин буд. Хешу табораш аллакай 10 рӯз боз ҷонкании ӯро медиданду халос.
Назаралӣ муаллимро дида, базӯр табассум карду баъд аз зери болишташ қаламу қоғаз гирифта, ба он чизе навист ва ба тарафи Аҳмад дароз кард. Вақте муаллмии Аҳмад онро хонд, аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд ва танҳо кӯтоҳ “”бахшидам” гуфту аз дари хонаи ҳамсоя гирён баромад. Баъди ин Назаралӣ ҷон дод. Хешу табор ва ҳамсоя ҳайрон буданд, ки чаро маҳз бо омадани муаллими Аҳмад ва суҳбаташ бо Назаралӣ ӯ ҷон дод? Акунн ин сирро танҳо Аҳмади дирекор медонисту Худо!