Ман илоҷи воқеаро худам ёфтаму аз як бонк пул қарз гирифта, ба додари хурдиям, ки бояд ба ҳамин хона кўчида меомад, додам. Додарам дар паҳлўи замини падарӣ хона андохт, он пул баҳои хонаи сеҳуҷрагии барҳавои маркази шаҳр набошад ҳам, падараму бародаронам ба хотири ман чизе нагуфтанд.
Духтарамро ба шавҳар додам, писарам низ домод шудааст, вале падарашон нав ошиқ шуду ба рўйи ҳамаи хизматҳои ман туф кард. Шавҳарам дар синни панҷовупанҷсолагӣ бо ишқи аввалаш, ки шаш шавҳар кардаву ба ягон нафари онҳо рост нагирифта, ҷудо шудааст, вохўрду мисли бачаи чордаҳсола оишиқ шуд. Ростӣ, овораи кору бор он қадар аҳмият надодам ва гумон мекардам, ки мисли ошиқиҳову хиёнатҳои дигараш мегузарад, аммо нагузашт. Ишқи аввалаш гўё зани бофарҳангу бомаърифатест, вале касе тору пуди ўро намедонад. Ин зан намедонам бо кадом ҳунараш бошад, шавҳарамро мафтуну шайдо кард. Ман на ба сараш рафтаму на барои шавҳарам талош кардам, як бор дар кўча дидамаш, сар то по сунъӣ буд. Ӯ бо як бепарвоӣ гуфт:
- Шўят худаш аз пайи ман медавад, ман ба ў кор надорам ва ба ман даркор ҳам нест!
Аммо ин берўй мардаки барояш нодаркорро никоҳ карда гирифт, акнун шавҳарам ҳамеша бо ўст. Ман аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки “биё, ҷудо шавем, ту рав назди дўстдоштаат”, аммо ў рафтанӣ нест. Худашро орову торо дода, ба наздаш меравад, шабҳо бо ў мемонад, аммо боз меояд ба хона. Бемор шудам, аз фарзандон, хешу табор шарм медоштам, ки шавҳарам ба рўи меҳнатҳои ман туф кард. Чун Амон бароям мисли бародар буд, бо ў рози дил мекардам, мегиристам, ў маро тасалло медод, Султонро дар ғайбаш ҳақорат мекард ва Маҳбубаро “фоҳишаи шашшўя” мехонд. Қасам мехӯрд, ки як бало карда, Султонро ба оила бармегардонад, вале…
Як рўз Султон маст шуду хобаш бурд, ман ки кофтани телефони ҳамсарро беодобӣ мешумурдам, аз рашку тоб телефонро кофтам ва ба як сабти овозӣ вохўрдам, ки шокиям кард. Ин сабти як сол пеш буд, Амон ба Султон мегуфт:
- Ака, Маҳбуба барои ман мисли хоҳар азиз аст, ўро фиреб накун, озор надеҳ, никоҳ карда гираш! Ў хона дорад, писараш зан дораду ҷудо зиндагӣ мекунад, ўро бо як духтарчааш хўрондану пўшондан ягон вазнинӣ надорад, боз худаш кор мекунаду пул меёбад.
Ман то рўз гиристам, барои бовариям ба ин кўрнамак, ба ин каждуми таги бурё ва хестам роҳ гирифтам сўйи хонаи ў ва то тавонистам борони ғазабамро ба сараш рехтам. Занаш баробари ман мегирист, аммо Амон “шавҳарат зан гирад, айби ман чӣ?” гўён, аз хона баромад. Баъди ин ҳодиса Султон маро зери мушту лагад гирифта:
- Маҳбуба фаришта аст, ба вай кор нагир, ман туро талоқ мекунаму вайро не,- гўён, диламро зиёдтар хун кард. Ман ҳам дигар ба онҳо кор нагирифтам, ғуссаро пинҳон карда, ба кор мерафтаму меомадам. Як ҳафта пеш, баъди ду моҳи ин воқеа Амон баъди нўшидани арақи зиёд гирифтори сактаи мағзӣ шуда, ҳоло ноҷунбон хоб аст. Занаш Робиямоҳ ба хона омада, гиря карда мегўяд, ки “апа, вайро бубахшед, дуои шумо ӯро гирифт. Шавҳарам ба зӯр гап мезанад ва номи шуморо ба забон мегирад, шояд мехоҳад бубахшедаш”.
Духтару писарам мегўянд, ки “оча, ба аёдати амаки Амон равед”, аммо поям намекашад. Ба Робия гуфтам, ки “ман кӣ ҳастам, ки дуои ман шавҳари туро гирад, ин бемории Худо аст”. Ростӣ, дилам ба Амон месўзад, вале намехоҳам дигар рўяшро бубинам. Ҳарчанд шавҳари ман агар намехост, Амон ўро ба зӯрӣ зан намедод ку!
Шояд қиссаи зиндагии ман он қадар хонданӣ набошад, аммо дилам холӣ шуд, заҳри одамро одам мегирад.
ЗАНҶИРАМОҲ
Таснифи Нисо Холид