Arzon march 2024
Кўрнамак (ҚИСМИ 1)
2501

Дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаву ба воя расидаам. Падарам омўзгори шўҳратёр, директори мактаб, баъд мудири маорифи ноҳияамон буданд. Чун ноҳияамон ба пойтахт хеле наздик аст, модарам дар пойтахт, дар яке аз беморхонаҳо духтури занона буданд. Мо даҳ фарзанди эшон панҷ писару панҷ духтар дар рўҳияи меҳнатдўстӣ, ростгўӣ, меҳру шафқат ба воя расидаем. Ҳамагӣ маълумоти олӣ дорем, ман пайи касби модарам рафта, духтур шудам, аммо ин ҷо гап дар сари зиндагии оилавии ман меравад…

Он вақтҳо байни донишҷўён ҳар гуна маҳфилҳои шеъру суруд баргузор мегашт. Ман ки ба адабиёт шавқи беандоза доштам, дар ин гуна маҳфилҳо иштирок мекардам. Дар яке аз ҳамин гуна маҳфилҳо бо як ҷавон шинос шудам. Таъриф намекунаму духтарон дар оилаи мо бениҳоят зебоянд, зеро падару модарам як ҷуфти зебое буданд. Ман низ аз ин зебоии зотӣ баҳравар будаму хушдорҳои зиёде доштам, вале ҳушу ёдам ба хондан буд. Аммо Султон диламро рабуд, ў аз деҳаи дурдасте барои хондан омада, хеле хушсухану меҳрубон буд ва дар як донишгоҳ дар риштаи иқтисод таҳсил мекард. Ростӣ, аз байни ҷавонони хушдорам камбағалтаринаш ҳамин Султон буд. Қоматбаланди лоғарандом, он қадар зебо ҳам набуд, вале мо духтарони он вақт ба ботини зебо баҳо медодем, на ба зоҳир. Ҳамин тавр, Султон донишгоҳро хатм карду ман дар курси охир мехондам ва мо оиладор шудем.

Қиссаи хонадоршавиямон ҳам аҷиб аст, апаҳоям ҳамагӣ ба оилаҳое келин шуда рафтанд, ки ба хонадони мо қарин буданд ва мо домодшавандаву волидайни онҳоро хуб мешинохтем. Вақте хонаводаи Султон ба хостгорӣ омаданд, ҳама ҳайрон буданд, ки инҳо аз он кунҷи кишвар чӣ гуна дар бораи мо маълумот пайдо карда, омада бошанд. Падарам мо духтаронашро зиёд дўст медошт. Аз ин рў, маро ба танҳоӣ бурда гуфт:

- То ҷое фаҳмидам, ту домодшавандаро хуб мешиносӣ ё не?

Мо бо падарам ошкоро ҳарф мезадем, вале аз модарам камтар метарсидем. Ман ба падарам буду шуди воқеаро гуфтаму ў ризо шуд. Падарам худаш ятим калон шуда буду падари модарам яке аз раисҳои машҳури Тоҷикистон ба хотири донишу маърифаташ, духтари соҳибҷамолашро ба ў дода, барояш хонаву дар низ сохта буд. Тўйи мо барпо гашт, маро ба деҳа бурданд. Хонаводаи серфарзанди хусуру хушдоманам хеле камбағалона мезистанд, вале маро зуд дўст доштанд. Хусусан хушдоманам бо келини соҳибҷамолу ҳунармандаш назди хешу табору ҳаққу ҳамсоя ифтихор мекарданд. Шавҳарам дар шаҳр кор мекард ва ман ҳам аз сентябр бояд ба дарс мерафтам, курси охир, ташвишҳои зиёд…

Мо ба шаҳр омадем, хостем хонаи иҷора гирем, вале падарам дар пойтахт хонаи сеҳуҷрагӣ доштанду онро ба ману шавҳарам дода гуфтанд:

- Вақте ки кор кардеду соҳиби хонаву дар шудед, баъд як фикр мекунем.

Аммо Султон баъди тўй чеҳраи аслии худашро нишон дод.

Хонаи мо доим пур аз меҳмон буд, як писари амаки Султон, Амон ҳамроҳи мо мезист, донишгоҳро хатм карду кор мекард, вале дар сараш фикри хонаи иҷора гирифтану рафтан набуд. Писарони хоҳаршӯву додаршўҳоям донишҷў мешуданду хонаи мо макони онҳо буд. Ман бошам хизматгор будам, падару модарам мегуфтанд, ки “ҳеҷ гап не, ин ҳама мегузараду некиҳоят мемонад”.

Амон хонадор шуду чӣ мегўед, ки занашро гирифта, ба хонаи мо омад, танҳо баъди ду фарзанддор шудан хонаи иҷора гирифта рафт. Мо бо зани Амон мисли апаву хоҳар будем ва худи Амон ҳам маро хоҳари қиёматӣ мегуфт. Бо гузашти солҳо мо ҳам соҳиби ду фарзанд, як писару як духтари нозанин шудем, ҳама донишҷўйҳои аз хонаи мо пар бароварда рафта соҳиби касбу кори гуногун шуданд. Мо ҳам пайи зиндагии худ будем, аммо Султон, ки ба як марди дағалу ҳақоратчӣ мубаддал гашта буд, ҳеҷ дар фикри гардондани хонаи падари ману харидани хона набуд. Ҳарчанд, ки кори хуб дошту пули хуб меёфт, агар дар ин бора гап мекушодам, “дар чор девори падарат…» гўён, ҳақоратҳои пасту баланд мекард.

ЗАНҶИРАМОҲ

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД