Arzon march 2024
Куриёи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон маркази муҳоҷират мекушояд
476

Тоҷикистон ба низоми муҳоҷиратии Куриёи Ҷанубӣ ворид шудааст ва шуруъ аз соли 2025 муҳоҷирони меҳнатии худро ба ин кишвар равон мекунад. Киҳо метавонанд ба Куриёи Ҷанубӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд ва омодагиҳо чӣ гуна ҷараён доранд?

Дар посух ба ин саволи хабарнигори сомонаи Oila.tj вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа гуфт: “Дар чаҳорчӯбаи диверсификатсияи равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ гуфтушунидҳо бо Куриёи Ҷанубӣ идома доранд ва бояд то охири соли равон шартномаи дуҷониба ба имзо расонида шавад. Дар асоси ин шартнома дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Корея маркази муҳоҷиратӣ ташкил карда мешавад. Шахсоне, ки мехоҳанд ба Куриёи Ҷанубӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, аввал аз ташхиси тиббӣ мегузаранд ва баъдан ба онҳо касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнати ин кишвар ҷавобгӯй омӯзонида мешаванд. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Куриё дар соҳаҳои хизматрасонӣ, саноати коркард ва кишоварзӣ фаъолият хоҳанд кард. Яке аз талаботҳои асосие, ки Куриёи Ҷанубӣ гузоштааст, ин донистани забони куриёӣ мебошад”.

Дар идомаи суханаш вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъкид кард, ки бо мақсади омода намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои кор дар Куриёи Ҷанубӣ дар назди Хадамоти муҳоҷират, дар Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон курсҳои ройгони омӯзиши забони куриёӣ ташкил карда шудаанд ва алакай зиёда аз 300 нафар ин курсҳоро хатм намудаанд. Дар Маркази касбомӯзии калонсолон бошад, касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнати Куриёи Ҷанубӣ ва дигар давлатҳои хориҷӣ ҷавобгӯйро омӯхтан мумкин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД