«Ба духтаратон палонҷаш майнаи сари харро хӯрондааст» гуфт фолбинзан ба модари Зумрад....
Падару модараш Зумради нозанинро пас аз хатми мактаби миёна дарҳол ба шавҳар доданд, чунки пас аз ӯ боз се духтари дигар доштанд. Хостгорон аз ҳамсоядеҳа буданд ва ҷавони боақлу зебою босавод будани Илҳомро ба назар гирифта, ҳама хешу пайвандон барои фотеҳаи Зумрад бо писари муаллим розигӣ доданд. Амаки Аюбу холаи Зулайхо, ки ду келини дигар доштанду барои писари сеюмашон Илҳом арӯси мувофиқ меҷустанд, аз пазироии гарми волидони Зумрад хурсанд шуда, бо табъи болида ба хонаашон баргаштанд. Илҳом кайҳо ба ҳусну ҷамоли Зумрад ошиқ буд ва аз шунидани хабари хуши розигии падару модари арӯсшаванда ба тӯй шод гашта, дар дил худоро шукр гуфт, ки ӯро ба муродаш расонд.
Бо розигии ду тарафа Зумрадро тӯи хушрӯй карда, ба хонаи домод оварданд. Холаи Зулайхо солҳои тӯлонӣ хоҳари шафқат шуда кор мекарду амаки Аюб як умр омӯзгорӣ карда, бачаҳои мардумро савод меомӯхт. Духтар надошт, аз ин рӯ се келинашро ҳамчун духтарҳояш дӯст медошт ва ҳангоми ба кор рафтану аз кор омадан падарвор аз пешонаашон мебӯсид. Келинҳо кӯшиш мекарданд, ки ба иззату эҳтироми падаршӯяшон сазовор бошанд ва «дадаҷон» гӯён, дар атрофаш парвона буданд.
Келини калонӣ се писар дошту келини дуввум як духтарча.
Зумрад ба зиндагии хушбахтонаи падарарӯсу додарарӯсҳояш нигариста, Худоро сад бор шукр мекард, ки дар чунин оила келин шудааст. Илҳом бо ӯ хушмуомилаву меҳрубон буд ва арӯсак аз бахти баландаш меболид. Се моҳ пас Зумрадро ба хонаашон талбон карданд, Зумради наварӯс дар меҳмонии падар ҷои нишасти хушдоману авсунҳояшро намеёфт. Намедонист, ки ба онҳо чӣ тавр хизмату хушомадӣ кунад, то аз хонаи волидонаш хурсанду мамнун раванд. Падару модар, келинҳои хона, хешовандонашон ҳис карданд, ки Зумрад аз ҷои афтодааш хурсанду хушбахт аст. Хушдоманаш иҷозат дод, ки Зумрад як- ду рӯз дар хонаи падару модараш монад ва ҳамроҳи дигар меҳмонҳо шоду мамнун ба хонааш баргашт. Пас аз гусел кардани меҳмонҳо хешони наздикаш аз ҳолу аҳвол ва зиндагии Зумрад бо Илҳом пурсон шуданд.
Зумрад аҳли оилаи шавҳарашро таъриф карда гуфт, ки хусураш мисли як падари ғамхор ба онҳо муносибат карда аз пешонаашон мебӯсад.
Таърифҳои Зумрад ба янгааш Саломатхон нафориданд. Рашку ҳасад дар вуҷудаш аланга зад. Ба зиндагии ширини қайсингилаш ҳасад бурда, Саломатхони айёр мисли мор ба худ печад ҳам, дурӯғ-дурӯғ табассум карда менишаст, вале дар дил мегуфт: «ҳоло ист, ман туро чунон боб кунам, ки якумр аз таъриф кардан монӣ!»
Рашки оиласӯз
Хонаи падару модари янгаи Зумрад-Саломатхон дар ҳамон деҳае буд, ки волидони Илҳом зиндагӣ мекарданд. Бо баҳонаи хабаргирии волидонаш Саломатхони маккор ду рӯз пас ба хонаи Илҳомино рафт. Янгаи келин омадааст гуфта наздаш дастурхони пур аз нозу неъмат оростанд. Саломатхони хонасӯз хеле аз ину он сӯҳбат карда нишасту сипас гӯё дар омади гап гуфт, ки келинашон Зумрад дар назди ҳама ҳамсояҳо аз хонаводаи хушдоманаш шикоят карда гаштааст ва мегӯяд, ки муаллими Аюб, яъне хусураш бо келинҳояш мегардаду дар набудани хушдоманаш онҳоро ба ҳар баҳона ба оғӯш гирифта мебӯсад, даст ба пешобағалашон бурда, синаҳояшонро медорад. Аз шунидани ин гап оташи ғазаби падару модари Илҳом аланга гирифт. Саломатхон аз барор гирифтани нақшаи кашидааш хурсанд шуда, омин карда бархост. «Ҳоло ист, мебинем, ки оқибати ту хушбахти олам чӣ мешавад» раҳораҳ дар дилаш бо хоҳаршӯяш Зумрад мунозира мекард ин каждуми зери бурё. Пас аз рафтани Саломатхон модараш Илҳомро ба назди худ ҷеғ зада, гуфт, ки занаш дар ҳаққи падараш гапҳои носазо гуфтааст, гӯё мӯйсафед бо келинҳо мегашта бошад.
Аз шунидани ин гап оташи ғазаби Илҳом аланга зад ва бе ягон андеша мошини боркашеро оварда, кӯчи арӯсашро ба он бор карду ба хонаи хусураш бурд.
Зумради дунёбехабар баробари аз дарвоза даромадани шавҳараш хурсандона бе пешвозаш баромад. Қошу қавоқ ва табъи нохуши Илҳомро дида, арӯсак ҳайрон шуд. Шавҳараш ҳатто ба саломи Зумрад ҷавоб надода, аз дасташ сахт дошта ӯро ба назди падару модараш кашола карду гуфт:
-Ман ту аҳмақро се талоқ кардам! То ту ба хонаи мо омадана, ду келини дигар ҳам буд, лекин гапи хона набаромад. Кӣ ба ту маймун иҷозат дод, ки обрӯи падари маро дар назди мардум як пул кунӣ?! Падари ман бо келинҳояш мегаштааст-а?!
Аз шунидани ин гап ҳуш аз сари Зумрад парид ва беҳолу бемадор ба замин нишаст, замину осмон дар назараш чарх мезад ва давоми гапи Илҳомро дигар намешунид. Илҳом кӯчи арӯсашро фароварда бо қаҳр баромада рафту падару модари ҳайратзадаи Зумрад бо чашмони пур аз ашк аз паси домоди гаправ нигариста чӣ кор карданашонро намедонистанд. Домод ба онҳо ҳатто имконият надод, ки сабаби чунин рафтор карданашу айби духтарашонро пурсанд. Кӯчи арӯсии Зумрад зору-ҳайрон дар рӯи ҳавлӣ мехобиду худаш дар кунҷи хона аз мурда бадтар, лолу карахт нишаста буд. Ногоҳ чашми Зумрад ба келинашон афтод, ки қаноатмандона лабханд мезад. Зумрад фаҳмид, ки хонавайрониаш кори янгааш аст, вале аллакай дер шуда буд.
Тифли бетақдир
Дар се моҳи хонадорӣ Зумрад аз Илҳом ҳомиладор шуда буд ва чун шавҳараш бе гуноҳ ҷавобашро дод, хост исқоти ҳамл кунад. «Падараш ба ман бевафоӣ кард, аз писараш чӣ мебинам?!» мегуфт бо ашки шашқатор Зумрад, вале духтурон ҳангоми муоина ба арӯсаки сиёҳбахт фаҳмонданд, ки тифли аввалро исқоти ҳамл кардан мумкин нест. «Ту ҷавонӣ, ҳоло боз оиладор мешавӣ, вале пас аз аборт дигар ҳомиладор нашуданат мумкин аст. Барои ҳамин аз аспи ҷаҳл фарову кӯдакатро таваллуд кун»,-гуфт духтурзанаки калонсоле, ки модари Зумрадро чандин сол боз мешинохт. Модари Зумрад гуфтаҳои табибро дастгирӣ карда, Зумрадро ба хона овард. Пас аз чанд моҳи ҷудоӣ Зумрад писарчаи дустрӯе ба дунё оварда бо умеди ояндаи нек Бахтовар номаш гузошт.
Бахти дуюм
Бахтовар ҳанӯз яксола нашуда, дари хонаи Зумрадиноро боз хостгорҳо «охурча» карданд ва падару модараш ба марди ба гуфти худаш занмурда ба шавҳар доданд. Зумрадро ба хонаи шавҳари наваш Нуралӣ, ки дар яке аз ноҳияҳои назди пойтахт зиндагӣ мекарданд, ҳамроҳи писарчааш гусел намуданд. Пас аз як ҳафтаи зиндагонӣ Зумрад фаҳмид, ки шавҳари наваш Нуралӣ занмурда набудааст. Занаш зинда, вале дар чандин соли зиндагӣ кӯдакдор нашудааст. Аз ин фиреби тақдир Зумрад ғамгин гашта бошад ҳам, дигар илоҷ надошт. Ароз карда ба хонаашон равад, мардум мегуфтанд, ки ягон айб доштааст, ки шавҳарҳояш ӯро пеш мекунанд. Барои ҳамин Зумрад ба тақдираш тан дода, бо Нуралӣ зиндагиашро идома дод. Пас аз як соли ба ин хонадон омадан, Зумрад ҳомиладор шуд. Хурсандии Нураливу аҳли оилаашонро ҳадду канор набуд, ҳатто кундошаш, ки ҳамроҳи Зумрад дар як ҳавлӣ мезист, хурсандӣ мекард.
Тифлони думодара
Се духтарчаи бо мурури солҳо аз Нуралӣ ба дунё овардаи Зумрадро ҳарду зан барор нигоҳубин мекарданд. Палонҷҳо бо ҳамдигар мисли хоҳарони меҳрубон муносибат мекарданд. Фотима Зуҳрояш калонак шуданду Зумрад барои Нуралии ташнаи фарзанд писарча таваллуд кард. Аз таваллуди писар сари Нуралӣ ба осмон расид. Хурсандии марди солҳо доғи фарзандро дигар ҳаду канор набуд ва Зумрадро бештару бештар дӯст медошту иззату эҳтиром мекард.
Бахт омаду саломатӣ рафт
Писарчааш Орзуҷон якунимсола шуда буд, ки Зумрад яку якбора сахт бумор шуд. Шавҳараш Нуралӣ ӯро ба назди беҳтарин духтурҳо бурд, вале дорую дармони фармудаашон ҳеҷ асар намекард. Зумради нозанин мисли девонаҳо ҳарзагӯӣ мекард ва билохира аз хона баромада мерафтагӣ шуд. Доду фиғонкунон бачаам мурд гуфта, нола мекарду во балам мегуфт. Дар муддати як соли беморӣ чунон харобу обу адо шуд, ки одами дидагӣ метарсид. Модараш дигар тобу тоқат накарда Зумрадро ҳамроҳи писарчаи калониаш ба хона овард. Нуралӣ фарзандони худашро надода гуфт, ки зани якумаш онҳоро тарбият карда ба воя мерасонад.
Дарди бедаво
Модар аҳволи духтари бебахташро дида Зумрадро назди фолбинзане бурд. Фолбинзан бо қарта фол кушода, гуфт, ки ба Зумрад палонҷаш майнаи сари хар хӯрондаасту барои ҳамин келинчак ба ин дарди бедаво гирифтор шудааст. Дили модар пештар ҳам аз зани якуми Нуралӣ гумонбар буд, акнун суханони фолбинро шунида, пурра бовар кард, ки рашки кундош ҳаёти духтарашро сӯхт. Ҳарчи ки барои табобати Зумрад мегуфтанд, модар мекард, то духтараш шифо ёбад, вале ҳеҷ беҳбудиро намедид. Оқибат модари зораш ба бемории қанд гирифтор шуд ва бо ғаму андӯҳи духтари сиёҳбахту девонагаштааш тоқат карда натавониста аз олам чашм пӯшиду Зумрадро дар ин дунёи бевафо бе муттако кард.