Arzon march 2024
«Кундал»-и тоҷикӣ дар Самарқанд
408

26-август дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон намоиши “Кундал” баргузор мегардад. Дар ин бора Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Намоиши беҳтарин асарҳои санъати тасвирӣ бо унвони “Кундал: устод ва шогирд” дар маркази шаҳри бостонии Самарқанд, дар маҷмааи Регистон баргузор гашта, дар он се нафар устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Шифоев Собон, Рақибов Маҳмадкарим ва Бойматова Муноҷот бо ҳамроҳии шогирдонашон дар маҷмӯъ зиёда аз 90 асарро ба маърази тамошои умум мегузоранд.

Намоиши “Кундал: устод ва шогирд” ба ҷашни Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, муддати як ҳафта идома хоҳад ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД