Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон сарусадоҳоро оид ба манъ ё маҳдуд шудани баргузории маъракаи ифтор рад кард.
Кумита гуфт, ки чунин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд ва маъракаи ифтор дар доираи талаботи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” маҳдуд нагардидааст.
Аммо Кумитаи дин аз сокинони Тоҷикистон хостааст, ки зимни баргузории маъракаи ифтор ба исрофу зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
“Ҳамватанони мо метавонанд ба ҷои густурдани хони бодабдаба дар ҳадди тавон таом ё дигар маводи ғизоиро ба ниёзмандон ва ҳамсояҳо фиристода, ба ин васила аз аҷру савоби бештаре бархӯрдор гарданд”,- мегӯянд аз ин ниҳод.
Ҳамчунин, Кумитаи дин ба сокинон тавсия додааст, ки дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ба додани садақаи ҷория, аёдати беморон, дастгирии ятимону ниёзмандон ва дигар корҳои хайр таваҷҷуҳ дошта бошанд.