Arzon march 2024
Кумакпулии маъюбон ва оилаҳои камбизоат зиёд карда шуд
647

Ҳукумати кишвар аз 1- сентябр ҳаҷми кумакпулӣ барои камбизоатонро зиёд карда, тасмим дорад аз 1 январи соли 2025 боз ҳам бештар кунад.

Соли равон маблағи кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат 720 сомониро ташкил медиҳад. Аз 1- сентябр барои кӯдакони то 16-солаи оилаҳои камбизоат ва хонаводаҳое, ки ду ва зиёда маъюб доранд, боз 144 сомонии дигар пардохт мешавад. Аз 1 январ ҳаҷми он 792 сомонӣ хоҳад шуд.

Ин маблағ ҳар се моҳ ба андозаи 25%-и ҳаҷми умумӣ пардохт мешавад. Барои он аз буҷҷаи кишвар 220 млн сомонӣ ҷудо шудааст.

Барои гирифтани кӯмакпулӣ ҳайати оила, вазъи иҷтимоӣ, сатҳи маълумотнокии сардори оила, теъдоди маъюбон, ноболиғон, пиронсолони аз 80-сола боло ва дигар аъзои ғайриқобили меҳнат, даромади пулӣ ва вазъи молу мулк, ҳолати манзили истиқоматӣ, қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои дигари дар ихтиёри оила қарордошта, шумора ва намуди чорвои шаҳрвандон ҷиддӣ санҷида мешавад.

Зимни санҷиш яхдону мошини дарздӯзӣ, плита ва нақлиёт ҳам ба назар гирифта шуда, ба девору бому фарши хона низ аҳамият дода мешавад, ки аз хишт аст ё лой.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД