arzon replenishment
Кумаки фаврӣ ба шахси офтобзада
592

Дар тобистон аз таъсири нурҳои тафсони офтоб бемор шудан хеле осон аст. Нишонаҳои асосии офтобзадагӣ сарчархзанӣ, баландшавии ҳарорати бадан, бемадорӣ, паридани ранг, сурхшавии пӯст, тез-тез тапидани набз, дарди шикам, дилбеҳузурӣ, садо дар гӯш ва дард кардани мушакҳои бадан мебошанд.

Дар сурати сари вақт ягон чора наандешидан одами офтобзада метавонад ҳатто аз ҳуш равад, бинобар ин, дарҳол ба чунин шахс кумаки фаврӣ расонидан лозим аст.

1. Шахси офтобзада, агар аз ҳуш нарафта бошад, ӯро ба ҷои соя бурда, тавре сари зону шинонед, ки сараш ба мобайни пойҳояш хам шавад. Ба пушти калла ва гардани бемор оби хунук резед.

2. Одами офтобзадагӣ, агар мустақилона роҳ гашта натавонад, ӯро ба ҷои соя бурда, хобонед. Таги сарашро баланд карда, барои паст кардани ҳарорати баданаш доруи табпасткунанда диҳед.

3. Тугмаҳои куртаашро кушоед ва чанд сачоқчаро дар об тар карда, ба пешонӣ, қафаси сина, таги каш, оринҷ ва пойҳояш гузоред.

4. Ба шахси офтобзада оби начандон сардро бо иловаи намак (1 қошуқча намак дар 1 литр об) диҳед. Бигзор обро кам-кам нӯшад.

5. Барои нигоҳ доштанӣ гармӣ дар ҷисм дасту пойи беморро маҳс кунед.

6. Рафту ҳолати бемор хуб нашуд, фавран ба ёрии таъҷилӣ занг занед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД