Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва кумак ба сайёҳони хориҷӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ телефони фаврии боварии 118-200-200 ба роҳ монда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки чунин таҷриба дар минтақа бори аввал ба роҳ монда шуда, ин метавонад барои баланд бардоштани имиҷи кишварамон таъсири мусбат расонад.
Дар ин муддат иқдоми мазкур самараи хуб нишон додааст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, Хадамоти гумрук, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати консулӣ ва Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳангоми муроҷиат аз ҷониби сайёҳони хориҷӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва шаҳрвандон кумакҳои амалӣ ва машваратӣ расонида шудаанд, аз ҷумла:
- Ҳангоми мушкилиҳои гумрукӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Дӯстӣ ба шаҳрванди Ӯзбекистон;
- Ҳангоми ба мушкилӣ дучор шудани 12 нафар сайёҳони хориҷӣ аз шаҳри Самарқанд тариқи гузаргоҳи Саразми шаҳри Панҷакент;
- Мусоидат ба 40 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дарёфти виза, ки тариқи роҳҳои заминӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд;
- Ҳангоми иштибоҳан гирифтани бағоҷ (багаж)-и шаҳрванди Индонезия аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Фурудгоҳи байналилалии шаҳри Душанбе.
Ҳамзамон дигар кумакҳои амалӣ ва машваратӣ аз ҷониби масъулони Кумита ва масъулони мақомоти болозикр ба муроҷиаткунандагон расонида шудааст.