Sebiston new 2024 october
Кулчақанди “Яхмос”
2296

Маҳсулоти лозима:

Тухм – 1 дона
Орд – 400 г
Равғани маска – 180 грам
Равғани растанӣ – 60 г
Маводи ковоккунанда, ванелин – 10 гр
Қатраҳои шоколад – 50 грам
Хокаи шакар – 1 ст
Крахмали ҷуворимакка – 100 г

Тарзи таҳия:

Дар аввал дар зарф равғани маска, равғани растанӣ,тухм, хокаи шакар, крахмал, ванелин илова карда, омехта мекунем.

Баъд аз он, орд ва маводи ковоккунанда илова карда, бо дастамон омехта мекунем. Пасон, қатраҳои шоколадро илова карда якҷоя мекунем.

Ба қолаб қоғази пергамент тунук карда, равғани растанӣ мекунем ва кучақандро бо қошуқи яхмосгирӣ формаи муайян мекунем ва кулчақанд нимдоираи дар шакли яхмос мешавад. Дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа муддати 15-20 дақиқа то пухтанаш меистад. Кучақандҳо, ки пухтанд дар зарф мегирем.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД