Маҳсулоти лозима:
250г равғани маска, 150г шоколад, 4 тухм, мавиз, 350г шакар, 175г орд, ванилин,моддаи ковоккунанда.
Тарзи таҳия:
Равғани маскаро бо шоколаду мавиз ё чормағз об карда, каме хунук кунонед. Тухмҳоро бо шакар лат зада, ба равғану шоколад илова кунед ва ба он орду ванилин ва як халтачаи моддаи ковоккунандаро андозед.
Хамирро ба тобаи равғани маска молидашуда рехта, дар тафдони ҳарораташ 180 дараҷа наздики 30 дақиқа пазед. Қандинаро баъди каме хунук шуданаш чоркунҷа реза кунед.