Маҳсулоти лозима:
3 тухм, 135 грамм шакар, 175 грамм орд, 1 қошуқча хокаи хамиртуруш, 60 грамм равғани маска, 110 мл шир, 3 қошуқ тарошаи кокос.
Тарзи таҳия:
Тухм ва шакарро то пайдо шудани хамири сафед хуб лат занед. Ширро бо равғани маска гарм кунед, то равған пурра об шавад. Орд, хокаи хамиртуруш ва дигар маҳсулоти хушкро омехта карда, тадриҷан ба омехтаи тухм илова кунед. Ҳангоми омехта кардан ширу равғанро низ кам-кам илова намоед. Хамири тайёрро ба қолабҳо рехта, дар ҳарорати 170 дараҷа 20–25 дақиқа пазед. Кулчақандҳои тайёрро бо тарошаи кокос оро диҳед.