Formula novemver 2024
Кулчақанди “Ашки Фаришта”
651


                         Маҳсулоти лозима:
250 грам – орд
80 грам – маска
2 қошуқ – шакар
1 дона – тухм
10 грам – маводи ковокунанда

                                     Барои ороиш:
500 грам – панири дилмашуда (творог)
100 грам – қаймоқ

                        Тарзи таҳия:
Дар зарф орд, маводи ковокунанда, каме намак, маска илова карда, ҳамаашро омехта мекунем. Ба 1 дона тухм 2 қошуқ шакар илова карда, лат мезанем ва ба маҳсулот илова карда, бо дастамон омехта мекунем. Хамирро дар қоғази пергамент печонед ва ба муддати 30 – 40 дақиқа да яхдон меистад. Ба қолаби махсус равған молида ба он қоғази пергамент тунук мекунем ва хамирро дар тунук мекунем.

Дар зарфи дигар панири дилмашуда (творог), қаймоқ, 3 дона зардии тухм ва шакар илова карда, лат мезанем ва аз болои хамир мерезем ва дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа ба муддати 30 – 45 дақиқа то пӯхтанаш меистад. Ва то омода шудани кулчақанд бизеи онро омода мекунем.

Сафедии тухмро бо хокаи шакар бо миксер лат мезанем, аз болои кулчақанди пӯхташуда мерезем ва 15 дақиқа дар тафдон мемонем. Кулчақанд баъди омода шуданаш аз худ қатраҳои асалие ҳосил мекунад, ки онро “ Ашки Фаришта” меноманд.
Бо иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД