Маҳсулоти лозима:
200 грамм фалла, 40 грамм равғани маска, 3 тухм, 60 грамм шакар, 1 истакон орд, 1 қошуқча моддаи ковоккунанда (разрыхлител), шакари кӯфта.
Тарзи таҳия:
Тухмро бо шакар лат занед. Равғани маскаро об карда хунук кунонеду ба тухми латзада илова кунед. Фалларо илова карда, баъди он орду моддаи ковоккунандаи омехташудро илова кунед. Хамири тайёршударо ба қолаби кекспазӣ рехта, рӯяшро ҳамвор кунед. Кулчақанди фалладорро дар ҳарорати 180 дараҷа муддати 50-60 дақиқа пазед. Баъди хунук шуданаш ба рӯи он хокаи шакар пошеду реза кунед.