Sebiston new 2024 october
Кудаки муҳтоҷи меҳр қисми 2
1567
Давомаш ...
 
Ҳамшираи шафқат Султонаро рӯҳбаланд карданӣ шуда гуфт:
- Бин, духтарчаат фаришта барин, аз чеҳрааш нур меборад. Ҳазорҳо оилаҳо ба нохуни ин гуна кӯдакон мӯҳтоҷанд....
Султона ҳаргиз аз фарзандаш безор набуд, вале Маҳмуд дарк кардан намехост, ки духтар ҳам фарзанд ва доди худванд аст. Вай ҳатто барои аз таваллудхона ба хона овардани Султона ва тифлаки навздаш нарафт. Натанҳо шавҳараш, балки ҳатто кампири хушдоманаш ҳам барои дидани Султонаю тифлаш як бор ҳам ба таваллудхона наомаданд. Модар ва бародари Султона худашон ӯро бо тифли навзодаш ба хонааш бурданд, вале хушдоманаш ба кӯдаки маъсум, ки ягна айбаш духтар ба дунё омадан буд, нимнигоҳе ҳам накард.
Рӯзе байнашон каме нофазҳмӣ сар зад ва Маҳмуд, ки кайҳо боз маддаи дилашро кафондан мехост, Султонаро зери мушту лагад гирифта, дашномҳои қабеҳи зиёде доду ба ҳавои сарду боронӣ нигоҳ накарда, ҷавонзанро бо духтарчааш аз дар берун карданӣ шуд. Келинчаки бечора бо ҳазор дарду алам базӯр худро аз чанголи шавҳари золимаш раҳо намуда, ба ҳуҷраи дигар гузашт ва ҳамроҳи духтаронаш хуни борон гирист.
Аз рӯйи гуфти шавҳараш Воҳид ном ҷӯрааш Маҳмудро барои писар надоштанаш дар байни мардум таъна зада, ба ҳолаш хандидааст ва алами Мӯсоро аз Исо гирифта, марди аламзада занашро бе ягон айбу гуноҳ лагадкӯб кард.
Султона дар кунҷи хона нишаста дар бораи гапҳои талхи шавҳараш фикр карда мегирист. Маҳмуд сари қаҳру ғазаб бо тамоми овоз ба саризанаш дод зада гуфт: Тоқатам тоқ шуд, бас аст! Худи пагоҳ ба болоят зане мегирам, ки писар таваллуд кунад. Ту хизматгориятро кардан гир.
Ҷавонзан суханони нешдори шавҳарашро ба ёд оварда, бо чашмони ашкбор натанҳо шавҳараш Маҳмуд, балки тамоми касонеро, ки ӯро бари духтарзоияш озор медоданд, дуои бад карда гуфт:
-Эй Худованди кариму қудратманд ! Агар нафаронеро, ки беписариамро таъна карда, маро озор доданд, дар зиндагиам хору зор нагардонӣ, рози нестам!
Султона медонист, ки дигаронро дуои бад кардан хуб нест, вале косаи сабраш лабрез гашта буд ва дигар худашро дошта наметавонист. Суханони нешдори шавҳар ва хушдоманаш, таънаҳои ҳамсояашон Соро ва дигар одамони бадзабон як-як пеши назараш омада, як алами занро сад алам мегардониданд. Боре ин Соро каждумзабон дар ба ту мегӯям, девор гӯш андоз гуфтагӣ барин, келини худашро мисол оварда гуфт: Таваллуд кардан гиред, то писардор шуданатона. Келини ман дар панҷ сол се писар таваллуд кард. Акнун духтардор мешавам гуфт, лекин мо не гуфтем. Хайр рост-да, байту ғазали духтар зиёд. Онҳоро ба шавҳар дода ҳам халос намехӯрад кас. Писар чӣ? Худаш роҳи худашро меёбад ва падару модарашро дар дами пирӣ мададгор мешавад. Шумо ҳам то писардор шуданатон, даҳто духтар бошад ҳам, таваллуд кардан гиред... Ин зани шаттоҳ дар байни ҳар гапаш хандаи безеби тамасхӯромезе мекард. Алибек ҳам рӯзе гӯё ба хабаргирии шавҳараш Маҳмуд омад ва ба хушдоманаш эй тнаш ҳам духтар шуд-ми! Муш барин духтардор шудан мегирифтааст-да писаратон гуфта масхараомез хандид. Авсунаш Нафиса бошад, доим аз писаронаш ифтихор мекард ва ҳамеша дар назди Султона онҳоро шер -гуфта эрка мекард. Ин ҷавонзани берӯю риё гоҳ -гоҳ дар назди хешу табор ошкоро ба ман духтар лозим нест, фақат писар таваллуд мекунам гуфта, ба Султона киноя мезад.
Ҳамон рӯз модари Султона гӯё дилаш чизеро ҳис карда бошад, ба хонаи духтараш омад ва аз ҷанҷоли зану шавҳар воқиф гашта, Султонаро бо чор духтараш ба хонааш бурд...
Ҳарчанд янгааш бо вай муносибати бад надошт, аммо, хонаи волидайн баъди шавҳар кардани духтар дигар хонаи худаш намешудааст. Султона баъди 15 рӯзи ба хонаи модараш омадан эҳсоси пушаймонӣ кард. Ҷавонзан чунонасабонӣ шуда буд, ки агар духтаронаш бо фарзандони янгааш ҷанг кунанд, онҳоро мезад, ҳарчанд хуб медонист, ки кӯдаконаш дар бадбахтии ӯ ягон гуноҳ надоранд.
Шавҳари Султона баъди андак вақт ба Русия сафар кард. Султона ҳамроҳи модараш ба хонаи шавҳараш рафта чизу чораашро ҷамъ карда овард. Он чизҳоеро, ки фурӯхта мешуд, ба фурӯш гузошт ва ба нею нестони модараш нигоҳ накарда, хонаеро ба иҷора гирифта баромада рафт.
Муддате аз ҷиҳати молиявӣ азоб кашид, аммо баъд кор пайдо кард. Акнун дӯзандагиву пазандагӣ карда рӯзғорашро бо қувваи худаш пеш мебурд. Ҳоло духтаронам чунон духтарҳои ҳунарманаду зебое шаванд, ки одамони ба ҳоли ман хандидагӣ ба таги дарвозаам хостгорӣ оянд-мегуфт Султона худ ба худ.
Пас аз шаш моҳ Маҳмуд аз Русия баргашт. Султона роҳи шавҳарашро мепоид. Умед дошт, ки ҳарчи набошад, меҳри падариаш боло гирфта, ақаллан барои дидани духтаронаш меояд, лекин Маҳмуд ягоон бор дари онҳоро накӯфт ва баъди чанд вақт боз ба сафар баромад.
Маҳмуд кайҳо дар Русия оиладор шуда буд. Султона инро баъди чанд муддат фаҳмида аз худ бе худ шуд. Байнашон бо сабаби писар таваллуд накардани Султона баъзе нофаҳмиҳо сар зада бошанд ҳам, дар зиндагии муштаракашон рӯзҳои хотирмони зиёде доштанду Султона ҳеҷ боварӣ надошт, ки Маҳмуд бо чунин осонӣ номи ӯ ва фарзандонашро аз китоби умри хеш хат мезанад, аммо...
Давом дорад ...
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД