Аксари занон боварӣ доранд, ки дар синни ҷавонӣ таваллуд кардан беҳтар аст, зеро саломатии худро нигоҳ медоранд ва фарзандашонро зери хатар намегузоранд. Аммо, на ҳама бо ин розӣ ҳастанд.
Мария Кармен дел Бусада дар 67-солагӣ дугоник ба дунё овард. Ин зани испанӣ замоне даргузашт, ки кӯдаконаш акнун 3-сола мешуданд. Ӯ дар таърих чун пиртарин модар сабт шудааст.
Таваллуди дугоникҳо - Кристиан ва По дар соли 2006 сурат гирифт. Азбаски табибон ба зан ташхиси даҳшатнок - саратонро гузошта буданду давраи ҳайзи ӯ 38 сол давом кард, табобат хеле гарону вазнин афтод. Ӯ хонаашро ба маблағи 45 ҳазор евро фурӯхта, бо пули он нутфа ва тухми ҷанин харид. Зан ният дошт, ки то 101-солагиаш мисли модараш зиндагӣ мекунад, аммо соли 2009 даргузашт. Ҳоло фарзандони Мария Кармен 18 сол доранд.
Адриана Илиеску дуюмин пиртарин зан аст, ки дар синни 66-солагӣ бори аввал модар шуд. Дар ҷавонӣ Адриана бисёр зебо буд ва дар як донишгоҳи Руминия кор мекард. Ӯ дар 20-солагӣ издивоҷ намуда, дарҳол ҳомиладор шуд, аммо ба хотири коҳиш наёфтани ҳуснаш аз таваллуд даст кашида, исқоти ҳамл намуд.
Шавҳараш аз ин тасмим ранҷид ва аз Адриана ҷудо шуд. Зан минбаъд бе шавҳару фарзанд зиндагӣ карда, тамоми ҳастиашро ба кор бахшид. Адриана Илиеску баъди ба нафақа баромадан ба азоби танҳоӣ гирифтор шуда, тасмим гирифт, ки фарзанд ба дунё меорад. Бо ин мақсад вай дубора оиладор шуд, вале ташхисҳо ӯро безурёт нишон доданд.
Зан 9 сол бо ин беморӣ мубориза бурд ва ниҳоят дар синни 66-солагӣ бо роҳи амалиёти сунъӣ соҳиби сегоник шуд. Ду нафари онҳо дар батни модар мурданд, вале духтари сеюм зинда монд, ҳарчанд пеш аз муҳлат таваллуд шуд.
Ҳоло Элиза 16-сола аст ва барои дохил шудан ба коллеҷ омодагӣ мегирад.
Дар ҷомеа Адрианаро ҳамчун бибии Элиза мешиносанд, зеро модараш 82 сол дорад. Адриана Илиеску орзу дорад, ки то тӯйи духтараш зиндагӣ кунад.
Аннегрет Рауниг сеюмин зани сабтшуда аст, ки дар 65-солагӣ модари чоргоникҳо шудааст. Ӯ соли 2015 се писару як духтар ба дунё овард. Зан тавассути бордоркунии сунъӣ ҳомиладор шуд ва кӯдакон дар ҳафтаи 26-ум тавассути ҷарроҳии чоки қайсар таваллуд шуданд.
Рауниг он вақт алакай 13 фарзанди аз 9 то 44-сола дошт, ки онҳоро аз хонаи кӯдакон гирифта, тарбия мекард. Вай 7 набера низ дошт. Зан тасмим гирифт, ки бо хоҳиши духтарандари хурдиаш ҳомиладор шавад, зеро ӯ боз хоҳару бародар мехост. Аннегрет Рауниг хоҳиши духтарашро рад накард ва худро ба хатар андохт. Хушбахтона, ҳоло модар ҳамроҳи 17 фарзандаш зиндаву саломат аст.