Куҳансолтарин варзишгари шаҳри бостонӣ
136

Дар дунё инсонҳое ҳастанд, ки синну сол барояшон танҳо рақам аст. Онҳо бо рӯҳияи ҷавонӣ, иродаи қавӣ ва меҳри беандоза ба варзиш намунаи дигарон шудаанд. Дар шаҳри бостонии Истаравшан чунин шахс бе шакку шубҳа Салим Ҳакимов мебошад.

Салим Ҳакимов варзишгарест, ки беш аз 60 соли ҳаёти худро ба рушди варзиш бахшида, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Салим Ҳакимов 85 сол дорад. Ҳамоно дилбастаи варзиш асту пайваста тамрин мекунад. Ҳамзамон, аз рўйи намудҳои гуногуни варзиш миёни ҷавонони деҳаҳои шаҳри Истаравшан мусобиқаҳо ташкил менамояд. Ӯ тарафдори ҳаёти солим буда, баҳри рушди ин соҳаи муҳим доимо дар талош аст.

Салим Ҳакимов соли 1940 дар деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Вай аз хурдӣ варзишро дўст медошту мехост варзишгар шавад. Ӯ соли 1958 аз рӯйи варзиши гўштин чемпиони ҷумҳурӣ гаштааст. Мавсуф пас аз хатми мактаби олӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС армияи ягонаи 8-уми мудофиаи зиддиҳавоӣ, ки (ПВО СССР) сарфармондеҳи он се карат Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ -генерал-полковник Покришкин А. Н. буд, хизмат намудааст.

Чун дар соҳаи варзиш аз муваффақон буд, дар давраи хизмат аз рӯйи намуди варзиши гӯштини юнонӣ-румӣ чемпиони шаҳри Симферопол ва сипас чемпиони вилояти Қрим гардид. Ҳамзамон, ба дастаи яккачини Қувваҳои мусаллаҳи Шуравӣ шомил шуда, меъёри "Устоди варзиши СССР"-ро иҷро кардааст.

Пас аз хатми хизмати ҳарбӣ чун омӯзгор, мураббии варзиш ва дар вазифаи директори мактаби варзишии наврасону ҷавонон (ДЮСШ)-и шаҳр ва раиси комитети варзиши ҳукумати шаҳри Истаравшан фаъолият намудааст.

Солҳои 1960 тамоми намуди варзиш дар Истаравшан рушд карда буд. Аз ҷумла, дастаи футболи шаҳр пайваста дар бозиҳо ғолиб меомад. Салим Ҳакимов аз он замон ёдоварӣ намуда, чунин нақл кард: "Дастаи футболи "Спартак" (Трикотажник) бояд дар лигаи дуюми чемпионати ИҶШС баромад мекард. Намояндаи футболи ИҶШС Н. А. Никитин ва Тер Казарян ба шаҳри Истаравшан омада гуфтанд, ки барои баргузории футбол варзишгоҳе лозим аст, ки на кам аз 5000 ҷойи нишаст дошта бошад. Соли 1960 бо қарори ҳамонвақтаи раиси шаҳр барои сохтани варзишгоҳ замин ҷудо карда шуд. Сипас бо роҳбарии собиқ раиси кумитаи варзиш Ҳоҷӣ Икромов бо девори похсагӣ иҳота карда шуд. Соли 1966 мактаби варзишӣ ташкил шуд. Барои он ду ҳуҷра аз варзишгоҳ ҷудо намуданд. Ҳамон сол конфронси варзишӣ баргузор шуд, ки дар он маро раиси комитети варзиши шаҳр интихоб карданд. Дар конфронс зикр гардид, ки бояд варзишгоҳи шаҳри Истаравшан азнавсозӣ шавад. Худи ҳамон сол ба азнавсозии варзишгоҳ шуруъ кардем".

Салим Ҳакимов мегӯяд, ки варзишгоҳ дар муддати 4 сол тавассути ҳашари дастаҷамъӣ пурра азнавсозӣ гардид. Сипас соли 1972 дар ин варзишгоҳ мусобиқаи гўштини классикӣ ва камарбандӣ гузаронида шуд. Дар оғози он ҳунармандони маъруф Ҷ. Муродов, Ҷ. Набиев, К. Қосим ва дигарон барномаи фарҳангӣ тақдим намуданд. Дар ин мусобиқа қариб аз тамоми кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ ҳузур доштанд.

Имрўзҳо варзишгоҳе, ки тавассути ҳашари дастаҷамъӣ сохта шуда буд, ба Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан табдил ёфтааст, ки дар он барои 15000 нафар ҷойи нишаст мавҷуд аст. Дар ин варзишгоҳ ҳамасола мусобиқаҳои варзишӣ ва футбол, чорабиниҳои фарҳангиву идона баргузор мегарданд.

Салим Ҳакимов солҳо дар вазифаҳои гуногун содиқонаву софдилона кор кардааст. Ҳамзамон, шогирдоне тарбия намудааст, ки имрўзҳо дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Мавсуф ҳамчун дўстдори варзиш аз он хушҳол аст, ки солҳои охир ҳукумати кишвар ба соҳаи варзиш диққати бештар медиҳад. Ў мегӯяд, ки баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла самбо, дзю-до, камонварӣ, велосипедронӣ ва ғайра дар Тоҷикистон нишонаи барҷастаи он мебошанд. Ў аз дастгириҳои ҳукумати кишвар рӯҳу илҳоми тоза гирифта, алҳол низ дар шаҳр барои ташкили мусобиқаҳои варзишӣ ташаббус нишон медиҳад. Собиқадори варзиш мегўяд, чун имрўзҳо айёми мусоид фароҳам омадааст, бояд боз толорҳои варзишии замонавӣ барои баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ аз рўйи намуди муштзанӣ, гўштин ва тенниси рўйимизӣ бунёд гарданд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД