Дар Тоҷикистон стратегияе қабул шудааст, ки ҷиҳати паст намудани сатҳи гирифторшавии сокинон ба бемориҳои сироятӣ, маъюбшавии аҳолӣ, фавт аз бемориҳои ғайрисироятию осеббардорӣ, паст намудани мушкилоти бемориҳои ғайрисироятӣ, кам кардани паҳншавии омилҳои умумии хатари бемориҳои ғайрисироятии асосӣ, ба монанди тамокукашӣ, ғизои носолим, истеъмоли машруботи спиртӣ ва ғайра амалӣ мегардад.
Ин нукта дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳони тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳои мамлакат ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд, зикр гардид.
Дар идомаи ҷаласа оид ба пешниҳоди лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” барои солҳои 2024-2025 сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Холмирзо Давлатзода баромад кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, баъдан, доир ба такмили лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои татбиқи стратегияи мазкур аз ҷониби иштирокчиён муҳокимаронӣ сурат гирифт.