arzon replenishment
Кӯрнамак
15.03.2023
Mahina
905

          Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
          Ки бо ман ҳарчи кард, он ошно кард

Ҳақ бар ҷониби шоир аст, зеро аксаран ҳама бадию кулфатҳо ба инсон аз бегона не, балки аз одамони худӣ ва нону намакхӯр мерасад. Ҳодисае, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯй додааст, далели равшани ин гуфтаҳост.

Вазорати умури дохили кишвар аз боздошт як сокини шаҳри Бохтар бо иттиҳоми дуздӣ хабар додааст. Муҳаммад Саъдуллоеви 33-сола дар ғорат кардани манзили додарарӯсаш муттаҳам дониста мешавад.

Номбурда шаби 16-уми феврал, тахминин соатҳои 20:00-21:00 ба хонаи сокини ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Ҷомӣ Раҳимов Нурмухаммад, ки бародари ҳамсараш будааст, рафта, дари манзили истиқоматиро бо калид кушода, ҷевони оҳанинро, ки дар дохилаш маблағҳои пулӣ 175.000 сомонӣ, 227.00 рубли русӣ, 500 доллари ИМА ва ҷавоҳироти тиллоӣ будааст, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

Ин марди кӯрнамак бо амали ғоратгаронааш ба соҳибхона, ки бегона не, бародари ҳамсараш будааст, ба маблағи 221 ҳазору 441 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД