Маҳсулоти лозима:
Як пора гӯшти мурғ, 150 грамм панири сахт, 1 тухм, 3 қошуқ орд, намаку мурч.
Тарзи таҳия:
Панирро аз турбтароши сурохиҳояш васеъ гузаронед. Гӯшти мурғро қима карда, бо панир, тухм, орд, намаку мурч омезиш диҳед. Аз қимаи ҳосилшуда лӯла сохта, дар тобаи равғандор бирён кунед.