Маҳсулоти лозима:
1 сар брокколи, 40 грамм сухарии кӯфта (нонреза), 20 грамм панири пармезан, 70 грамм панири моцарелла, намак, 15 мл равғани растанӣ.
Тарзи таҳия:
Брокколиро ба гулчаҳои хурд ҷудо кунед. Ба оби ҷӯшида намак андохта, брокколиро илова намоед ва дар оташи миёна 5–8 дақиқа пазед, то нарм шавад. Сипас онро ба поло ё элак андохта, оби зиёдатияшро ҷудо кунед. Брокколиро ба зарф гирифта, бо чангак то ҳосил шудани пюре кӯбед. Сухарии кӯфта ва панири пармезанро илова карда, омехта кунед. Аз хамири ҳосилшуда кулчаҳои хурд созед. Ба миёнаи ҳар кадом як порча панир гузошта, онро ба шакли котлет дароред. Котлетҳоро дар равғани растанӣ аз ҳар ду тараф 1–2 дақиқа бирён кунед.