Костюми сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ҳамчун костюми қимматбаҳотарини дар музояда ба фурӯш рафта, ба китоби рекордҳои Гиннес ворид гашт. Тибқи хабарҳо костюми мазкур соли 2015 бо нархи 643 ҳазор доллар ба фурӯш рафта, онро сарвари ширкати ҷавоҳиротфурӯшии Dharmananda Diamond Company харидорӣ намудааст. Сарвазир Моди ин костюмро зимни вохӯрӣ бо президенти ИМА Барак Обама дар Ҳиндустон ба бар намуда будааст.