Arzon march 2024
Коршиносони самти муҳоҷират чӣ мегӯянд?
843

Соли 2023 барои муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Русия кору фаъолият мекунанд, нисбатан душвор омад.

Аз як тараф ҷанги Русия бо Украина, сафарбарсозӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия ва овозаю ҳангомаҳои парешонкунанда дар ин мавзӯъ, аз ҷониби дигар рейдҳои пай дар пайи кормандони ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар, ки баъзан бо баҳонаи гузаронидани санҷиши ҳуҷҷатҳо муҳоҷиронро мавриди таҳқиру озор қарор дода, шаъну шарафи инсонии онҳоро паст мезананд, болои ин ҳама нооромиҳо якбора паст рафтани қурби пули русӣ ва сару садоҳо дар бораи он ки аз моҳи январи соли 2024 нархи патент дар Русия 4 маротиба қиматтар мешавад, аксари муҳоҷиронро сари дуроҳа қарор додааст, ки минбаъд бояд чи кор кунанд?

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дигар ҷойи рафтан надоранд
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозираҳо дар бораи он ки бо сабаби афтидани қурби пули русӣ аксари муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Ватан бармегарданд, хеле зиёданд. Чунин баҳсҳо дар васоити ахбори омма ва шабакаҳои русӣ низ тез-тез ба миён меоянд, вале коршиносони рус бар он ақидаанд, ки зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ як луқма нонашонро танҳо аз Русия меёбанд ва ба ғайр аз ин кишвар дигар ҷойи рафтан надоранд, бинобар ин, ба ҳамааш тоқат карда, дар Русия мемонанд ва фаъолияти меҳнатии худро идома медиҳанд. Аз ҷумла Юрий Московский, директори Фонди рушди муносибатҳои байналмиллалии «Добрососедство» дар суҳбат бо MSK1.RU гуфтааст:
“Россия барои муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ бисёр муҳим аст, зеро ягона кишваре мебошад, ки бидуни раводид ба он сафар карда метавонанд. Айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия ҳудуди 2,5 миллион муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Миёна кору зиндагӣ мекунанд. Тахминан 600-700 ҳазор муҳоҷир фақат дар шаҳри Москва ва вилояти Москва ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд. Танҳо дар ҳудуди Маскав 40-45%-и қувваи кори муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Онҳо дигар ҷойи рафтан надоранд. Онҳо маҷбуранд, ки барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия оянд. Бояд гуфт, ки зодагони кишварҳои Осиёи Миёна натанҳо ба хотири кор кардан, балки дар ҷустуҷӯйи ҳаёти дигар ба Россия меоянд...!”
Пули дар Русия кор мекардаашонро дар Ватани худашон ҳам меёбанд
Насим Абдуллоев, яке аз ҳуқуқшиносони самти муҳоҷирати Русия дар ин мавзӯъ назари дигар дорад. Абдуллоев мегӯяд:
“Муҳоҷироне, ки қаблан ба Русия омадаанд ва дар ин ҷо кор мекунанд, сарфи назар аз пастравии қурби пули русӣ фаъолияти меҳнатии худро идома хоҳанд дод, вале онҳое, ки нияти омадан доштанд, акнун фикр мекунанд, ки оё ҳоҷати ба Русия сафар кардан ҳаст ё не. Қурби доллар якбора ба осмон баромада, қурби рубл ба замина афтид. Муҳоҷирон тахминан 70-80%-и даромадашонро ба Ватани худашон барои аҳли оилаашон мефиристанд ва бо дарназардошти фарқияти доллар ва рубли русӣ маблағи калонеро аз даст дода, қариб, ки ягон фоида намебинанд. Маблағи дар Русия кор мекардаашонро онҳо дар ватани худашон ҳам ба даст оварда метавонанд, пас ҳоҷат ба муҳоҷирати меҳнатӣ нест. Вазъияти муҳоҷирон дар Россия ин шабу рӯз дар ҳақиқат бад аст.”

Рафтани муҳоҷирон бар зарари кист?

Рафтани муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия бар зарари кист? Андешаҳо дар ин мавзуъ гуногунанд. Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки агар муҳоҷирони меҳнатӣ Русияро тарк намоянд, пеш аз ҳама Русия зарар мебинад.

"Корҳои вазнини сохтмонӣ, руфтану тоза кардани кӯчаву хиёбонҳо аз барфу лой, пӯхтани таомҳои лазиз дар ошхонаю қаҳвахонаҳо, дастрас намудани маҳсулоти ғизоӣ, савдо ва бозор-ҳамаи ин корҳоро муҳоҷирон саришта мекунанд.

Тасаввур кунед, ки агар муҳоҷирони меҳнатӣ Русияро тарк намоянд, чӣ мешавад?”-навиштааст яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ. “Агар муҳоҷирон дастаҷамъона Русияро тарк намоянд, ба иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддие мерасад, ки таъсираш аз афтидани қурби пули русӣ бештар аст”,- навиштааст коргари дигар.

Аммо дар миён шахсоне низ ҳастанд, ки рафтани муҳоҷиронро аз Русия бар манфиати ин кишвар медонанд. Онҳо ақидаи худро бо он асоснок кардан мехоҳанд, ки гӯё муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна дарза-дарза пули

Русияро ба Ватанашон фиристода, барои ин кишвар ягон кор кардан намехоҳанд ва ҳатто шахсоне, ки шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардаанд, аз хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ватани дуюмашон саркашӣ намуда, намехоҳанд аз Русия дифоъ намоянд.
Коршиносони тоҷик чӣ мегӯянд?

Коршиносони тоҷик дар робита ба ин мавзуъ чӣ назар доранд?

Пастравии қурби пули русӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва раванди муҳоҷират чӣ таъсир мерасонад? Бо ин суол мо ба Анвар Бобоев, мудири бахши муҳоҷирати аҳолии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон муроҷиат намудем. Мавсуф гуфт:
-Дар ҳақиқат соли равон барои муҳоҷирони меҳнатӣ соли басо душвор ва пур аз санҷишҳо буд.

Аз як тараф ҳодисаҳои ахири Русия ва авзоъи ноороми сиёсии ин кишвар, аз ҷониби дигар рейдҳое, ки тез-тез аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуда, муҳоҷиронро бо баҳонаи санҷиш ва тафтиши ҳуҷҷатҳо мавриди таҳқир қарор медиҳанд, муҳоҷиронро хеле дилсард гардонд. Русия дигар мисли пештара барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷолиб нест.

Якбора хеле паст рафтани қурби пули русӣ болои ин дилсардӣ зам шуда, акнун онҳо кӯшиш мекунанд, ки роҳҳои дигарро ҷустуҷӯ намоянд. Ман гумон мекунам, ки агар Русия нархи патентро 4 маротиба боло барад, муҳоҷирон маҷбур мешаванд, ки ба Ватан баргарданд ё ба кишварҳои сеюм рӯ оранд.

Ин боиси якбора коҳиш ёфтани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин давлат мегардад. Русияро тарк кардани муҳоҷирони меҳнатӣ натанҳо бар зарари муҳоҷирон, балки пеш аз ҳама бар зарари худи Русия буда, ба иқтисодиёти бе ин ҳам заифгаштаи ин кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Мо шоҳиди он ҳастем, ки чи тавр дар давраи баъди пандемия сохтмонҳо дар ин кишвар бо сабаби нарасидани қувваи корӣ бозмонданд. Агар муҳоҷирон Русияро тарк намоянд, дар бисёр соҳаҳо норасоии қуваи корӣ ба миён меояд.

Ҷониби Русия бояд дар ин мавзуъ фикр кунанд, моро бошад, лозим аст, ки дар бораи вусъат додани самтҳои нави муҳоҷират андеша намоем. Имрӯз Тоҷикистон бо чандин кишварҳо шартномаҳои байнидавлатӣ дорад ва ба Куриёи Ҷанубӣ, Британияи Кабир, Туркия ва баъзе кишварҳои арабӣ муҳоҷирони меҳнатии худро мефиристад.

Фикр мекунам, ки ин самтҳоро қувват бахшида, бо дигар давлатҳо низ ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондан лозим аст. Аслан масъули ин ҳама тағйиротҳое, ки дар минтақа ба вуҷуд омадаанд, Амрико ва кишварҳои аврупоӣ мебошанд. Таҳримҳое, ки онҳо нисбати Русия ҷорӣ намуданд, ба сокинони дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ низ бетаъсир намонданд.

Вақте ки як дарро мебандед, шумо бояд дари дигарро боз намоед. Фикр мекунам, ки гуфтушунидҳоро бо мамолики Аврупо пурқувваттар кардан лозим аст, то ки дари худро ба рӯйи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боз намоянд. Мо натанҳо дар рӯ ба рӯйи Русия, балки дар арсаи ҷаҳон бояд аз худ ва аз муҳоҷирони меҳнатии худамон дифоъ карданро омӯзем.

Муҳоҷир дар кадом давлате, ки набошад, бо меҳнати ҳалоли худ маблағ ба даст меорад ва набояд мавриди зӯроварӣ ва таҳқир қарор бигирад. Волоияти қонун, эҳтироми инсон ва ҳуқуқҳои ӯ бояд аз ҳама чиз боло бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД