sebiston july new
КОРОНОВИРУС ҶОНИ ВАКИЛИ ПАРЛУМОНРО ҲАМ РАБУД!
3862

Қосимзода Идигул Тағо собиқ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ даргузашт.

Тибқи манбаъҳои хабарӣ марҳум бо нишонаҳои бемории ҳамагир дар бемористони маъруф бо "1 Советский" бистарӣ буда ва дар онҷо аз олам гузаштааст. Ӯ аз якуми марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд. 

Қосимзода Идигул Тағо 4 январи соли 1968 дарноҳияи Вахш ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтепа) аст. Ӯ дар синни 53 солагӣ аз олам гузашт.

Кормандони сомонаи “Оила” аз даргузашти ин бону сахт андуҳгин буда, ба пайвандони марҳум изҳори тасаллият менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД