arzon replenishment
«Коронавирус»: ташхиси Киванч манфӣ ва аз Ҷансин мусбат баромад
1736

Киванч Татлитуғ ва Ҷансин Чекилӣ, ҳунармандони шинохтаи турк бо гумони гирифтор шудан ба «коронавирус» аз ташхис гузаштаанд. Ба иттилои расонаҳои хориҷӣ, натиҷаи ташхиси Киванч манфӣ ва аз Ҷансин мусбат баромадааст.

Ҷансин Чекилӣ баъди дар вуҷудаш ҳис кардани нишонаҳои «коронавирус» ба духтурон муроҷиат карда, пас аз ташхис ҷавоби мусбат гирифтааст. Ӯ мегӯяд, ки худро дар хона махкам кардааст ва табибон дар як рӯз чанд маротиба занг зада, аз ҳолаш пурсон мешаванд.

«Аз утоқам намебароям, зеро метарсам, ки модару хоҳарамро низ сироят мекунам. Бӯйи атрро ҳис намекунам. Маззаи шоколадро ҳам. Қафаси синаам месӯзад. Дар карантин ҳастам ва табобатам идома дорад. Табибон ҳамарӯза аз ҳолам занг зада мепурсанд. Ба зудӣ шифо хоҳам ёфт»,-навиштааст, ҳунарпеша дар шабакаҳои иҷтимоии худ.

Киванч Татлитуғ низ бо шикоят аз табларза ва сулфа ба яке аз дармонгоҳҳои хусусии шаҳри Истанбул муроҷиат кардааст. Ташхис нишон додааст, ки дар вуҷуди ҳунарманд «коронавирус» нест. Аммо пизишкон ба ҷойи «коронавирус» дар ҳунарманд бемории илтиҳоби шушро ошкор кардаанд. Ҳунарманд аз кулли мухлисонаш хоҳиш кардааст, ки воҳима накунанд ва дар ташвиш ҳам набошанд, зеро ҳоли ӯ хуб аст. Киванч аз рӯйи гуфтаи табибон амал карда, табобатро дар хона идома дода истодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД